Фейк-паёмакҳои ахир дар бораи коронавируси нав

Чӣ санҷида шуд?

Коронавирус, ки охирҳои моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, дар заминаи он паёмакҳои гуногуни сохтаю бофта ва қалбакӣ низ дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоию мессенҷерҳо васеъ ва фаъолона паҳн шуданд. Ин гуна паёмакҳо миёни мардуми олам, аз ҷумла Тоҷикистон овозаҳои гуногунеро барпо намуданд, ки бархеҳо на танҳо ба хабарҳои қалбакӣ бовар карданд, балки онҳоро ба дӯстону наздикони худ фиристоданд.

Factcheck.tj чанд фейк-паёмаки ахирро, ки миёни мардуми тоҷик зиёд нашру паҳн мешавад, ҷамъ намуд ва «поксозӣ»-и хурде аз ин паёмакҳоро гузаронид, ки ҳоло мушаххасан шарҳ медиҳем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Санҷиши 1: Ҷарима барои паҳни коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳукмнома: Фейк

Ин фейк-паёмак давоми як ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тариқи мессенҷерҳо дар Тоҷикистон низ паҳн шуда, мавриди баҳсу мунозира қарор гирифт. Зимни санҷиш дар ҷустори Google маълум гардид, ки ин паёмак дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии Қазоқистон ба таври густурда паҳн шудааст. Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар 21-уми марти соли равон ба хабаргузории «Tengrinews» иттилои мазкурро рад карда, таъкид намудааст (бойгонӣ), ки барои паҳни маълумоти бардурӯғ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Санҷиши 2: Трамп ҳамаро наҷот хоҳад дод!

Ҳукмнома: Фейк

Ҳафтаи гузашта дар шабкаҳои иҷтимоӣ дар бораи ваксинае, ки гӯиё бар зидди COVID-19 таҳия шудааст, фаъолона паҳн гардид, аммо ин ҳангомае беш нест. Чун ҳамкорони мо аз «Без-брехнi» (Укроин) зери сарлавҳаи «Трамп всех спасет! Фейк об американской вакцину от COVID-19» (бойгонӣ) ва «Factcheck.kz» таҳти унвони «Фейк | Разработана вакцина против коронавируса COVID-19» (бойгонӣ) рӯзи 24-уми марти соли равон фейк будани ин паёмакро дар сомонаи худ маълум кардаанд, ки метавонед шинос шавед.

Вале ин ҷо мо бори дигар таъкид месозем, ки ба иттилои СҶТ, феълан дар ҷаҳон ягон маводи доруворӣ зидди коронавирус (COVID-19) ихтироъ карда нашудааст (бойгонӣ), лекин ин ниҳод чанд тавсия барои пешгирӣ аз ин вируси навро дар сомонаи расмиаш нашр кардааст, ки хатари сироятро кам мекунанд.

Санҷиши 3: Ба хонаҳо гӯиё барои санҷидани коронавирус мераванд

Ҳукмнома: Фейк

Паёми навбатӣ бо истифода аз фурсате, ки бархеҳо ба хотири пешгирӣ аз коронавирус дар хонаҳояшон нишастаанд, ин дафъа низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, онҳоро нигарон кардааст. Вале дар асл ин фейки навбатие асту бас!

19-уми март ҳамкорони мо аз сомонаи «Без-брехнi» таҳти сарлавҳаи «Манипуляции и запугивания на фоне заботы о гражданах во время карантина» (бойгонӣ) дар ин ҷода далелсанҷии худро гузаронида, батафсил нишон додаанд, ки хабари мазкур чӣ гуна бофтаву дасткоришуда мебошад.

Хулоса

Ҳамаи ин фейк-паёмакҳо аслан ба Тоҷикистон дахл надоранд. Тавре маълум гардид, онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё мессенҷерҳо то ба кишвари мо омада расида, миёни мардум баҳсҳои гуногунеро барпо намудааст.

Аз ин рӯ, маслиҳати мо ин аст, ки пеш аз ҳама худро эҳтиёт кунед ва ҳеч гоҳ чунин паёмҳоро бидуни санҷиш ба касе равон накунед, чун онҳо «Фейк» буда, ба хотири пайдо кардани тарсу ваҳм сохта шудаанд.

P.S. Дар зер бароятон навореро аз хабаргузории DW оиди маводи фейкӣ, маслиҳати бардурӯғ, афсонаву асотир дар бораи коронавирус пешкаш менамоем, ки ҳатман тамошо кунед:

МАСЛИҲАТИ FACTCHECK.TJ: Фейк бар маълумоти сохта, бофта ва қалбакӣ асос меёбад. Ҷой доштани онро тавассути ҷусторҳои Google ва ё Яндекс, муқоисаи санаҳо, ному насаб ва таҳлили иттилоъ метавон дақиқ кард. БИНОБАР ИН, барои эмин будан аз хабарҳои фейкӣ лутфан бо «ЧЕК-ЛИСТ»-и зер шинос шавед!


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь