Фактчекnews | 511 – рақами боварӣ оид ба коронавирус

Дар Тоҷикистон рақами боварӣ оид ба масъалаҳои коронавирус фаъол гардид. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, рақами боварии Маркази иттилоотии зиддибӯҳронии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти Covid-19 таҳти рақами 511 фаъол гардидааст.

Гуфта мешавад, вобаста ба масъалаҳои коронавирус шаҳрвандон метавонанд ба рақами мазкур занг зада, ба суолҳои хеш посух бигирианд: «Рақами мазкур 24 соат фаъол мебошад».

Зимнан, Вазорати тандурустии кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз 1-уми феврал то 27-уми марти соли равон 5 ҳазору 919 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд.

«Аз ин шумора то санаи зикргардида 2050 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3 ҳазору 870 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар карантин қарор доранд»,- омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Ин ниҳод дар идома навиштааст, ки то имрӯз, 27-уми марти соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои СҶТ ба санаи 26.03.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 462 684 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 20 834 нафар расидааст.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь