Дарси 4 | Кор бо Text.ru

Тext.ru – аз захираҳои дигари онлайнии мо мебошад, ки барои санҷиши ягонагии матни маводи дар саҳифаҳои интернетӣ нашршуда, пешбинӣ шудааст. Ин захира имкон медиҳад, матнҳое, ки аз дигар саҳифаҳои интернетӣ дуздида (плагиат) шуда, бо андаке тағйирот ва ё бе тағйирот дар саҳифаҳои дигари интернетӣ нашр шудаанд, муайян мекунад.

  • Мавод: муайянкунии ягонагии матн
  • Вазифа: санҷиши дилхоҳ маводи сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар маводи интернетӣ
  • Абзор: Тext.ru

Қадами 1

Нахуст дилхоҳ матни интернетиеро барои санҷиш нусхабардорӣ (копировать) мекунем. Ин матн 17-уми марти соли 2020 дар сомонаи «The Asia Times» нашр шудааст.

Қадами 2

Захираи онлайнии «Тext.ru»-ро боз мекунем.

Қадами 3 ва 4

Матни дар қадами аввал нусхабардоришударо дар ҷои холие, ки махсус барои гузоштани матн муайян карда шудааст, мегузорем ва тугмаи «Санҷиши ягонагӣ» («Проверить на уникальность»)-ро пахш мекунем.

Қадами 5

Натиҷаи санҷиши онлайнии матн нишон дод, ки ягонагии матни мазкур ба 0,25% барбар буда, он ба сомонаи «ЛИГА.Новости» тааллуқ дорад.

Қадами 6

Маълум гардид, ки матни ин хабари сомонаи «The Asia Times» пурра аз сомонаи «ЛИГА.Новости» гирифта шуда, бо чанд таҳриф дар саҳифаи худ бидуни ишора ба манбаи аслӣ нашр кардааст. Вале дар асл ин хабари фейкӣ мебошад.

Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:

Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь