Ӯ аз чеҳраҳои ҳаваскори шеъру наво аст, ки ҳамарӯза садояшро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд метавон шунавид. Ин нафар Маъмурҷон Ҳукмонов аст.
Подкасти «Талош» маҳз дар бораи ин шахс нақл мекунад, ки дар даст бо аккардион суруд мехонад. Маҳз саъю кӯшишу талош ва ҷидду ҷаҳд моро дар зиндагӣ сӯйи муваффақият мекашад.
«Талош» – вожаест барои ба ҳадаф расидан…
«Талош» – қадамест сӯйи марзи орзуҳо…
«Талош» – оғозест баҳри зиндагии босаодат…
Подкасти «Талош» низ аз он нафароне нақл мекунад, ки дар зиндагӣ бо ин ҳарф қадам мезананд.
Муфассалтар дар подкасти «Талош».
Фирӯз КАРИМӢ,
Мактаби расонаии «JMBpictures»
Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.