Фактчекnews | Нашри «Худомӯзи саводи расонаӣ» дар Тоҷикистон

«Худомӯзи саводи расонаӣ» – таҳти ин унвон китоби омӯзишие дар шакли электронӣ оид ба расонаомӯзӣ бо ташаббуси рӯзноманигори шинохта, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён ба нашр расид.

Китоби мазкур мавзӯъҳое чун:

– иттилоот ва расона;

– рӯзноманигорӣ ва саводи расонаӣ;

– саводи рақамӣ ва рӯзноманигории рақамӣ;

– таъсири иттилоот ба тафаккури интиқодии инсон;

– муҳимияти тафаккури интиқодӣ;

– тарғиботи рақамӣ ва шеваҳои дасткорӣ;

– далелсанҷӣ ва рӯзноманигории муосир;

– бумиёни рақамӣ ва таҳдидҳои олами маҷозӣ;

– қоидаҳои бехатарӣ дар Интернет;

– шеваҳои худмуҳофизатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва амнияти рақамиро фаро гирифтааст.

Ин сарчашмаи электронӣ аз 10 дарси омӯзишӣ иборат буда, ҳар як дарс инфографикаи тафсирӣ ва дар поёни он пайванд ба подкасту навори дарси мазкур барои омӯзиш ва тест барои мустаҳкамкунӣ ҷой дода шудааст.

Ба навиштаи муаллифи тарҳ, китоби мазкур танҳо барои мутахассисони соҳа набуда, балки барои хонандагони синфҳои болоии мактабу литсейҳо, донишҷӯёни коллеҷу донишгоҳҳо ва одамони касбу корҳои гуногун пешбинӣ гаштааст.

«Худомӯзи саводи расонаӣ» – дар доираи лоиҳаи «Таъсири механизми интерактивии онлайнии mediasavod.tj оид ба рушди саводи иттилоотию расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ» бо дастгирии моддии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон интишор шудааст.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь