Фейк | Таваллуди кӯдак баъд аз 23 соати марги модар (акс)

Чӣ санҷида шуд?

30-уми сентябри соли 2021 сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» – pressa.tj, матлаберо таҳти сарлавҳаи «Гиряи тифл аз тобут ё чигуна баъди 23 соати мурдани модараш кӯдак ба дунё омад» нашр кардааст (бойгонӣ). Дар маводи мазкур гуфта мешавад, ки гӯиё зане дар шаҳри Торонтои Канада ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ба ҳалокат мерасад ва пас аз 23 соати маргаш, ҳангоми дафн аз ӯ кӯдак тавлид шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба навиштаи pressa.tj, ин зан баъд аз марг 17 соат дар сардхона (морг) қарор доштааст.

Иқтибос:

«Охир, зан 23 соат пеш мурда буд ва аз ин 17 соат ҷасади зан дар яхдони сардхона буд. Ҳама дар ҳолати шокӣ қарор доштанд, ки чӣ гуна кӯдак бе оксиген зинда мондааст. Ин ҳодиса барои ҳама чун сирре боқӣ мемонад. Ҳатто табибе, ки марги занро изҳор дошт, натавонист ин зуҳуротро шарҳ диҳад: «Ман 22 сол боз ба ҳайси табиб кор мекунам, вале чунинашро ҳеч вақт вонахӯрдаам…. Намедонам, агар ин мӯъҷиза набошад, пас онро чӣ ном барам!»».

Ҳукмнома: Фейк

Ин маводро аслан расонае, ки ба интишори қиссаву ривоятҳои бофта сарукор дорад, ҳанӯз дар соли 2009 ба нашр расондааст. Вале сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» – pressa.tj, воқеият доштан ё надоштани ин матлабро муайян накарда, онро чоп кардааст.

Скриншот аз саҳифаи сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» – pressa.tj

Чӣ гуна санҷида шуд?

Аввалин нуктаи шубҳанок дар мавод ин аст, ки сомона ба ягон сарчашма ишора накардааст. Сипас, матни маводро бо забонҳои дигар ҷустуҷӯ намудем ва дар натиҷа маълум шуд, ки матлаби мазкур ҳанӯз 4-уми августи соли 2009 дар сомонаи Weekly World News (WWN – расонаест, ки бештар қиссаҳои бофтаву тахайюлии ваҳшатнок менависад, – шарҳи factcheck.tj) нашр шудааст (бойгонӣ). Дар ин мавод низ ба ягон сарчашма ишорае нест ва ҳатто номи пизишке, ки аз ӯ иқтибос оварда шудааст, қайд нашудааст. Ин мавод ба забони русӣ низ тарҷума шуда, тавассути чанд расонаҳо бознашр шудааст.

Сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» дар маводаш акси тифли навзодеро истифода кардааст, ки дар дохили дастгоҳи тиббии кувез хобидааст. Санҷиши ин акс тавассути барномаи ТinEye маълум кард, ки дар акс духтараки фаластиние бо номи Шайма Шейх ал-Ид аст. Бино ба навиштаи Alamy – оҷонсии хусусии аксбардории Бритониё (бойгонӣ), пас аз он ки пизишкон ӯро аз батни модараш, ки ба гуфтаи табибон, дар ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шуд, дар бемористоне дар Хон Юниси минтақаи ҷанубии Ғазза зери дастгоҳи тиббии нафасдиҳӣ хобондаанд. Акси мазкур 27-уми июли соли 2014 аз тарафи Иброҳим Абӯ Мустафо бардошта шуда, дар ин сомона чанд акси дигари ин кӯдакро низ дидан мумкин аст. Инчунин, аз ин ҷо маълумоти муфассалеро метавон ба даст овард (бойгонӣ).

Скриншот аз натиҷаи ҷустуҷӯи барномаи ТinEye

Хулоса

Санҷиш исбот намуд, ки сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» – pressa.tj, дар баробари ба забони тоҷикӣ расонаӣ кардани қиссаи бофтаи хабаргузории инглисии Weekly World News, ки ҳанӯз соли 2009 чоп шудааст, инчунин акси кӯдакеро истифода бурдааст, ки умуман аз ҳодисаи дигар гирифта шудааст. Аз ин рӯ, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь