Чӣ санҷида шуд?
8-уми ноябри соли равон дар саҳифаи фейсбукии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводе таҳти унвони «Нисбати мардон зӯроварӣ накунем!» нашр шудааст (бойгонӣ). Муаллифи маводи мазкур мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академия Нилуфар Каримзода буда, дар он асосан мушкилии ҷудошавӣ ва мавҷудияти хушунат нисбати мардон дар оилаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва дар қисмати аввали он чунин омадааст:
«ДАР 9 МОҲИ СОЛИ РАВОН 465929 ҲОЛАТИ БАСТА ШУДАНИ АҚДИ НИКОҲ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДА АСТ. МУТААССИФОНА, ШУМОРАИ БЕКОР ШУДАНИ АҚДИ НИКОҲ ДАР ИН МУДДАТ 9989 ҲОЛАТРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД, КИ АЗ ИН 7465 ҲОЛАТАШ БО ҚАРОРИ СУД АНҶОМ ДОДА ШУДААСТ».
Ҳукмнома: Иштибоҳ дар далелҳо
Чӣ гуна санҷида шуд?
Хулоса
Санҷиши мо маълум намуд, ки дар маводи мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академия Нилуфар Каримзода оид ба омори бақайдгирии ақди никоҳ давоми нӯҳмоҳаи аввали соли 2021 иштибоҳи ҷиддӣ рафтааст. Яъне, ин омор 411 ҳазор бештар нишон дода шудааст. Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Иштибоҳ дар далелҳо»-ро гирифт.