Дурӯғ | Куштори ваҳшиёнаи ду нафар дар Тоҷикистон (видео: 18+)

Чӣ санҷида шуд?

Давоми як ҳафтаи ахир корбарони месенҷерҳо байни худ навореро паҳн намуданд, ки дар он саҳнаи куштори ваҳшиёнаи ду нафар аз ҷониби як марди корд дар даст, инъикос ёфтааст. Саҳнаи ваҳшатангези ин куштор зоҳиран дар як мағозаи фурӯши дастгоҳҳои мобилӣ, ки дар лавҳаҳо Samsung навишта шудааст, сабт гардидааст. Дар ин навори кӯтоҳ дида мешавад, ки марде нахуст ба тани як нафари ба замин хобида кор мехаладу баъдан ба гарданаш теғ мекашад. Ҳарчанд мардуме, ки дар ҷойи ҳодиса қарор доранд, бо илтиҷо аз мард хоҳиш доранд, ки бас кунад, вале ӯ аз амали худ қаноатманд нашуда, ба нафари дуюм ҳам, ки дар дохили мағоза рӯи замин хоб буд, корд мезанад.

Ин навор миёни корбарони месенҷери WhatsApp дар Тоҷикистон низ паҳн шуда, овозаеро ба миён овард, ки гӯиё ҳодиса дар вилояти Суғд рух додааст. Бо назардошти таваҷҷуҳ ва нигаронии корбарони месенҷерҳо дар Тоҷикистон Factcheck.tj макони аслии ҳодисаро мавриди санҷиш қарор дод.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки ин ҳодиса ба Тоҷикистон ҳеч рабте надорад. Чун ин ҳодиса аслан санаи 20-уми ноябр дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон рух дода, кушторро сокини 42-солаи ноҳияи Пастдарғом содир кардааст.

Скриншот аз WhatsApp

Чӣ гуна санҷида шуд?

Натиҷаи ҷустуҷӯҳои мо нишон дод, ки воқеан ҳам ин ҳодиса дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон рух додааст ва дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон низ иттилоъ пахш кардаанд (бойгонӣ).

Шабакаи телевизиони давлатии Самарқанд (STV) 24-уми ноябри соли 2020 тафсилоти ҳодисаи куштори мазкурро бо такя ба маълумоти прокуратураи Самарқанд нашр кардааст (бойгонӣ). Дар мавод гуфта мешавад, ки ин ҳодиса 20-уми ноябри соли 2020 дар маҷмааи савдо, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Улуғбеки ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанд рух додааст. Сокини 42-солаи ноҳияи мазкур, ки аз ӯ М.А. ном бурда мешавад, дар санаи зикршуда ҳамсари ҳамакнун марҳумашро бо марди дигаре дида, аз паси онҳо меравад. Сипас, аз хонааш корди хоҷагиро гирифта, бо сабаби рашк нисбати ҳамсараш ӯ ва мардеро, ки «ошиқ»-и завҷааш буд, ҳангоми қарор доштан дар маркази савдои телефонҳои мобилии Samsung ҳардуро бо корд мекушад.

Гуфта мешавад, марди гумонбар дар куштори ваҳшиёна вақтҳои ахир аз мукотибаи телефонии ҳамсараш бо кадом як марди бегона пай бурда, гумон мекунад, ки завҷааш бо он мард ишқварзӣ дорад ва ба ӯ хиёнат кардааст.

Шабакаи STV навори таҳқиқии беш аз 5-дақиқагиеро пахш кардааст, ки дар он мард ба гуноҳи худ иқрор шуда, асли ҳодисаро шарҳ додааст.

Ба иттилои шабакаи мазкур, феълан дар ин самт тафтишот идома дорад.

Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон низ дар таърихи 24-уми ноябр хабареро зери сарлавҳаи «Ваҳшониятро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнкардагон боздошт шуданд» («Ваҳшийликни тасвирга олиб ижтимоий тармоқларга тарқатганлар қамоққа олинди») интишор кардааст (бойгонӣ). Дар хабар гуфта шудааст, ки 3 нафар ҷавонон аз Самарқанд, ки бо ҷурми паҳн намудани навори куштори ваҳшиёнаи 20-уми ноябр дар маҷмааи савдо айбор ва нисбати онҳо бо қарори суд ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шудааст.

Хулоса

Куштори ваҳшиёнаи ду нафарро сокини 42-солаи ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамин минтақа содир кардааст ва он ба Тоҷикистон рабте надорад. Аз ин рӯ, ҳукмномаи далелсанҷии мо «Дурӯғ» унвон мегирад.

P.S. Бинобар дар навор ҷой доштани саҳнаи ваҳшоният, мо аз гузоштани он дар сомонаи Factcheck.tj худдорӣ кардем.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь