Дурӯғ | ҲАМАИ онҳое, ки дар ИҶШС таваллуд шудаанд, шаҳрвандӣ мегиранд

Чӣ санҷида шуд?

Дар Фейсбук, дар гуруҳии “МЫ-ТАДЖИКИСТАНЦЫ! / МО -ТОҶИКИСТОНИЁН!” хабари “Гражданство получат ВСЕ, кто родился в СССР” (бойгонӣ) бори охир 13 октябри соли ҷорӣ нашр ва баҳс шудааст.

Аммо бори аввал бо ин мазмун хабаре 12 марти соли 2017 дар сомонаи нашрияи pravda.ru таҳти номи “Госдума РФ: гражданство России получат те, кто родился в СССР” (бойгонӣ) нашр шуд. Баъди нашри ин хабар даҳҳо сомонаи машкук онро бознашр ва бознависӣ карда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд ва хабари мазкур то кунун миёни корбарони интернет мечархад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустори Google дар интернет барои “ГРАЖДАНСТВО ПОЛУЧАТ ВСЕ, КТО РОДИЛСЯ В СССР” тахминан 3 ҳазор натиҷа дод. Сомонаи интернетии маъруфи Русия Правда.ру ин хабарро нашр кардааст. Ин сарлавҳа ба назари мо шубҳанок аст, зеро дар ҷаҳони муосир ҳеҷ давлате омода нест, ки бе қайду шарт якбора теъдоди зиёди сокинони давлатҳои дигарро ба шаҳрвандӣ қабул кунад.

Мазмуни тақрибан ҳамаи хабарҳое, ки таҳти сарлавҳаи зикршуда нашр гардидаанд, якранг аст: вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби “Русия воҳид” Константин Затулин лоиҳаи қонунеро таҳия ва ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки имкон медиҳад, ҳамаи зодагони кишварҳои узви СССР шаҳрвандии Русияро пайдо кунанд.

Дар сомонаи расмии Думаи давлатии Русия аз 12 январи соли 2017 таҳти ин ном “Предлагается упростить процедуру принятия гражданства для носителей русского языка и русской культуры” (бойгонӣ) матлабе нашр шудааст. Ҳамаи сарлавҳаҳои хабарҳои дигар аз ҳамин мақола сарчашма мегиранд, аммо дохили матни хабарҳо комилан таҳрифшуда аст. Дар маводи сомонаи расмии Думаи давлатӣ гуфта шудааст, ки Константин Затулин пешниҳод дорад, ба қонунҳои Русия тағйирот ворид карда шавад, то ки русзабонҳо ва соҳибони фарҳанги русӣ, фарзандон ва аҷдодони онҳое, ки дар Империяи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ таваллуд шудаанд, дар муддати кутоҳтар соҳиби шаҳрвандии Русия гарданд. Ин танҳо лоиҳаи қонун ва пешниҳод буд, ки то ҳол дар баррасии Думаи давлатии Русия аст (бойгонӣ). Қонуни мазкур на қабул шудааст ва на рад.

Ҳукмнома

Тавре дида мешавад, сомонаҳое, ки хабари “Гражданство получат ВСЕ, кто родился в СССР”-ро нашр мекунанд, ба ҳеч манбаи боэътимод ишора намекунанд ё линки мустақим намедиҳанд.

Чӣ хеле, ки санҷиши мо нишон дод, лоиҳаи қонун ҳатто пас аз гузаштани қариб 2 сол ҳоло ҳам дар ҳоли баррасӣ аст ва қувваи қонунӣ пайдо накардааст. Бино бар ин, мо ба хулоса омадем, ки иттилооти мазкур ҳукмномаи “Дурӯғ”-ро соҳиб мегардад.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь