Ҳақиқат | Сарояндаи тоҷикро барои дар рӯзи таҷлили зодрӯз давъват кардани дӯстонаш 500$ ҷарима карданд

0
40
Ҳақиқат | Сарояндаи тоҷикро барои дар рӯзи таҷлили зодрӯз давъват кардани дӯстонаш 500$ ҷарима карданд
Ҳақиқат | Сарояндаи тоҷикро барои дар рӯзи таҷлили зодрӯз давъват кардани дӯстонаш 500$ ҷарима карданд

Чӣ санҷида шуд?

Санаи 4 феврали соли 2019 дар саҳифаи интернетии “Настощее время” таҳти сарлавҳаи “Сарояндаи тоҷикро барои дар рӯзи таҷлили зодрӯз давъват кардани дӯстонаш 500$ ҷарима карданд” нашр шудааст (бойгонӣ). Дар сарлавҳаи хабари мазкур маблағи ҷарима 500 доллар ($) ва дар дохили хабар бошад, он беш аз 500 доллар зикр шудааст. Иттилои мазкур дар саҳифаи Facebook-ии ин хабаргузорӣ  қисмат  карда шудааст ва  то замони санҷиши мо 201 нафар дар зери он Лайк гузошта, 35 нафар шарҳ навиштаанд ва 51 нафар онро қисмат (share) кардаанд (бойгонӣ).

Чӣ гуна санҷида шуд?

Хабаргузориҳое маҳаллие чун “Аkhbor.com” (бойгонӣ), “Sputnik.tj” (бойгонӣ),  «ASIA-Plus» (бойгонӣ) дар мавриди ҷаримабандӣ шудани сароянда Фирӯза Ҳафизова аз ҷониби суди ноҳияи Исомили Сомонии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд ва дар иттилои хабаргузориҳои зикршуда, ҳаҷми маблағи ҷарима барои ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ аз ҷониби сарояндаи мазкур 5 ҳазор сомонӣ гуфта шудааст. Хабари мазкур дар телевизиони “Тоҷикистон” низ санаи 2 феврал пахш шуд ва дар он ба андозаи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани Фирӯза Ҳафизова расман қайд шудааст. Хабаргузории “Настощее время” ба телевизиони “Тоҷикистон” такя намуда, гузориши худро омода намудааст.

Бо назардошти қурби доллари ИМА, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон барои санаи 04 феврали соли 2019 ба андозаи 9.4384 сомонӣ барои 1 доллар муқаррар шудааст (бойгонӣ), 5 ҳазор сомонӣ баробар ба 530 доллари ИМА аст. Ба тарафи воҳиди садӣ пурра кардани ин нишондиҳанда мувофиқи қоидаҳои арифметикӣ онро ба то “500 доллар” пурра кардан мумкин аст.

Ҳукмнома

Бо назардошти он, ки андозаи пуррагардонӣ, яъне 30 доллар ҳиссаи хурди ҳаҷми ҷаримаро ташкил медиҳад (танҳо 6%) дар натиҷаи санҷиши худ мо ба хулосае расидем, ки “Настощее время” дар сарлавҳаи ба ягон хатогии ҷиддие роҳ надодааст. Аз ин рӯ, ҳукмномаи санҷиши мо низ “Ҳақиқат” аст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

В 2017 году окончил Худжандский государственный университет имени академика Б.Гафурова. С 2013 года сотрудничает со средствами массовой информации. Независимый журналист. Участник нескольких семинаров и тренингов по фактчекингу.

Шарҳи худро гузоред