Дасткорӣ | Марди думдор

Дасткорӣ | Марди думдор
Дасткорӣ | Марди думдор

Чӣ санҷида шуд?

Дасткорӣ | Марди думдор
Дасткорӣ | Марди думдор

23 январи соли 2019 хабаргузории «Tajikistantimes» хабареро таҳти унвони «Марди думдор» (бойгонӣ) ба нашр расонд, ки ба гуфтаи муаллифи мавод Бахтовар Сафаров, ин мард сокини 35-солаи шаҳри Алипурдуари Ҳиндустон буда, номаш Чандра Ораон аст ва думаш ба 36,83 см мерасад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни санҷиш тавассути ҷусторҳои Google ва Yandex маълум гардид, ки ин иттилоъро бори нахуст, санаи 7 феврали соли 2014, хабаргузории «The Mirror» (бойгонӣ) ва ТВ «Barcroft TV» гузориши видеоӣ дар YouTube нашр кардаанд.

Баъдан, ин иттилоъро дигар хабаргузориҳо, аз ҷумла «Вести.ru» (бойгонӣ) бо истинод ба хабаргузории «The Mirror» санаи 10 феврали соли 2014 бознашр намудааст.

Вале муаллифи маводи «Марди думдор» Бахтовар Сафаров (бойгонӣ) ба яке аз ин хабаргузориҳо ишора накарда, онро ҳамчун хабари тоза пешкаш намудааст.

Ҳукмнома

Далелсанҷӣ маълум кард, ки воқеан ҳам чунин инсон дар шаҳри Алипурдуари кишвари Ҳинд мавҷуд буда, хабари мазкур ҳақиқат дорад. Вале азбаски ин хабар бори аввал санаи 7 феврали соли 2014 ба нашр расидаасту расонаи “Tajikistantimes” онро пас аз 5 сол ҳамчун хабари тоза пешниҳод мекунад, натиҷаи санҷиши мо «Дасткорӣ» унвон мегирад.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Журналист, блогер, медиа-тренер ва далелсанҷ. Муҳаррири сомонаи Factcheck.tj. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ак. Б.Ғафуровро бо ихтисоси "Журналист" хатм намудааст. Таҷрибаи кориро дар ВАО соли 2007 оғоз намудааст. Аз соли 2012 бо гузародани таҳқиқотиҳои журналистӣ машғул шуда, аз соли 2014 дар ҷодаи журналистикаи чандрасонаӣ фаъолият мебарад.

В 2017 году окончил Худжандский государственный университет имени академика Б.Гафурова. С 2013 года сотрудничает со средствами массовой информации. Независимый журналист. Участник нескольких семинаров и тренингов по фактчекингу.

1 бинависед

Шарҳи худро гузоред