Чӣ санҷида шуд?
Ду расонаи иттилоотӣ – «Tajikistantimes» (бойгонӣ) ва «Ориён» (бойгонӣ), 9-уми майи соли равон хабареро таҳти унвони «Дмитрий Медведев: Модари ман замони ҷанг дар Тоҷикистон» буд, ба нашр расонидаанд. Ин ду расонаи хабарӣ бидуни ишора ба манбаъ матни якхела дошта, якдигарро айнан нусхабардорӣ кардаанд.
Дар хабар аз нақли худи Медведев омадааст: «Дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ модари ман ба Тоҷикистон интиқол дода шуда буд. Мо ҳамроҳи ӯ ҳамеша ёди тоҷикон мекардем ва дар бораи Тоҷикистон, ки сарпаноҳи садҳо зарардидагони ҷанг буд, суҳбат менамудем».
Дар идома гуфта мешавад, ки «ин нуктаро сарвазири Русия Дмитрий Медведев санаи 28-уми апрел дар намоишгоҳи «Мо якҷоя муқобили натсизм будем» дар ҳузури хабарнигорон ва иштирокчиёни ин чорабинӣ ироа кард».
Вале мушаххасан дар ин расонаҳои иттилоотӣ гуфта нашудааст, ки 28-уми апрели кадом сол ин нуктаро сарвазири Русия гуфтааст.
Ба хотири муайян кардани хабари мазкур, ки бори нахуст кай ва дар куҷо нашр шудааст ва дар ҳақиқат модари сарвазири Русия Дмитрий Медведев замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон буд ё на, маводи мазкурро мавриди санҷиш қарор додем.
Чӣ тавр санҷида шуд?
Нахуст, хабари мазкурро аз ҷусторҳои «Google» ва «Yandex» бозсанҷӣ намудем. Ҳанӯз 28-уми апрели соли 2015 дар ин бора радиои «Озодӣ» ва ОИ «Азия-Плюс» хабаре нашр намудаанд.
Радиои «Озодӣ» дар ду забон – тоҷикӣ ва русӣ, бо номҳои «Медведев: «Холаи ман дар Тоҷикистон зистааст»» (бойгонӣ) ва «Премьер-министр России заявил, что его тетя во время войны была в Таджикистане» (бойгонӣ) хабаре ба нашр расонидааст. Ҳарчанд дар сарлавҳаи хабари бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» сухан дар бораи «хола»-и нахуствазир меравад, аммо дар матни он ба ҷойи «хола», калимаи «модар» истифода шудааст.
ОИ «Азия-Плюс» низ дар такя ба сафорати Тоҷикистон дар Русия бо забони русӣ «Медведев рассказал о вкладе Таджикистана во время ВОВ» (бойгонӣ) хабаре чоп кард, ки дар он нахуствазир дар бораи холааш ҳарф задааст, на дар бораи модараш.
– Холаи худи ман он солҳо дар Тоҷикистон зистааст ва мо борҳо дар ин бора бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кардаем,- гуфтааст сарвазири Русия дар суҳбат бо сафири Тоҷикистон.
Ҳамчунин, ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки воқеан ҳам сарвазири Русия Дмитрий Медведев 28-уми апрели соли 2015 дар намоишгоҳи «Мо якҷоя муқобили натсизм будем» иштирок кардааст, на 28-уми апрели соли ҷорӣ. Ҳатто дар ин бора хабаргузориҳои Русия, мисли «РИА Новости» (бойгонӣ), «БезФормата» (бойгонӣ) ва сомонаи Ҳукумати Русия – «Government.ru» (бойгонӣ), иттилоъ пахш намудаанд.
Сипас, ин хабарро дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷустуҷӯ намудем, ки дар воқеъ 28-уми апрели соли 2015, соати 00:00 бо имзои Маркази матбуоти сафорати Точикистон дар Русия таҳти унвони «Медведев посетил выставку Таджикистана, посвященную вкладу нашей страны в Великой Победе» ба табъ расидааст (бойгонӣ). Дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
– Мо ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем, ки дар солҳои ҷанг Тоҷикистон оғӯши худро ба ҳазорон нафаре боз кард, ки аз ҷабҳа ба ақибгоҳ кӯчонда мешуданд. Инро мо фаромӯш намесозем. Холаи худи ман он солҳо дар Тоҷикистон зистааст ва мо борҳо дар ин бора бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кардаем,- гуфт Д. Медведев дар суҳбат бо сафири Тоҷикистон дар Русия.
Зимнан, дар ҳолномаи Дмитрий Медведев (бойгонӣ) соли таваллуди модари ӯ – Юлия Вениаминовна Шапошникова (Медведева), 21-уми ноябри соли 1939 гуфта мешавад (бойгонӣ). Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ модари Дмитрий Медведев, сарвазири Русия ҳамагӣ 2 сол доштааст.
Ҳукмнома
Маводи мазкур, вобаста ба иттилооти ҷамъоваригашта, ҳукмномаи «Дурӯғ» ва «Дасткорӣ»-ро касб карда буд. Аммо дар асоси нокифоя будани маълумот ва пайдо накардани бойгонии аслӣ дар бораи модари Дмитрий Медведев, ҳайати таҳририяи сомонаи «factcheck.tj» ба хулоса омад, ки маводи мазкурро «Бе ҳукмнома» ҷамъбаст намояд.
Сурайё ҲАКИМОВА