Ҳақиқат | 122 178 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирокчиёни лотереяи Грин-Корт дар соли 2018

Чӣ санҷида шуд?

Хабаргузории «Настоящее время» 9-уми декбари соли равон дар бораи «Иштирокчиёни лотереяи Грин-Корт» («Участники лотереи Грин-Карт») матлаберо дар саҳифаи фейсбукиаш ба нашр расонд (бойгонӣ).

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, соли 2018 аз Тоҷикистон довталабони «Green Card» ё ба истилоҳ «Корти сабз» 122 178 нафар барои гирифтани ҳуқуқи будубош дар Амрико дархост пур кардаанд.

Оморе, ки «Настоящее время» барои хонандагон пешниҳод намудааст, аз сӯйи далелсанҷон мавриди санҷиш қарор гирифт.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Тавре Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сайёҳӣ хабар медиҳад, соли 2018 дар ҳақиқат аз Тоҷикистон 122 178 нафар барои лотереяи «Корти сабз» дархост пур намудаанд. Дар ҳисоботи омории сесолаи ин ниҳод (2016-2018) низ омадааст, ки 122 178 нафар дар соли 2018 иштирокчии лотереяи «Корти сабз»-и ИМА шудаанд (саҳ. 5).

Ҳукмнома

Дар такя ба маълумоти манбаи расмии Амрико мо ба хулосае расидем, ки омори иштирокчиёни лотереяи Грин-Корт аз Тоҷикистон барои соли 2018 воқеан ҳам дуруст аст. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро гирифт.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь