Фейк | Муҳоҷири тоҷикро чӯб зада куштанд (акс)

Чӣ санҷида шуд?

Сомонаи «Оила.tj» 5-уми декабри соли равон дар такя ба як акси гузоштаи корбари фейсбук бо номи Муҳаммад Тағоев маводеро таҳти сарлавҳаи «Боз як муҳоҷири тоҷик ваҳшиёна кушта шуд» ба нашр расонидааст (бойгонӣ). Дар ин мавод аксе ҷой дода шудааст, ки тавре дида мешавад, нафаре ба замин хобидаву ба мақъадаш чӯбгуна ашёе халонида шудааст.

Баҳси корабарон ҳам дар сомонаи ин нашрия ва ҳам дар саҳифаи фейсбукии «Оила» (бойгонӣ), ки доир ба маводи мазкур хеле тезутунд сурат гирифт, дар дигар гурӯҳҳои ин шабакаи иҷтимоӣ, мисли «АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ» низ бознашр гардид.

Далелсанҷон аксе, ки дар маводи мазкур дарҷ ёфтааст, то кадом дараҷа ба хабари «Куштори ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик» дуруст мегирад, мавриди санҷиш қарор доданд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Дар аввал, мо акси мазкурро аз захираи Яндекс-сурат ҷустуҷӯ намудем. Натиҷаи ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки акси мазкур бори нахуст моҳи апрели соли 2016 дар Интернет пайдо шудааст. Сомонае, ки аввалин маротиба ин аксро нашр кардааст, хабаргузории Блокнот.RU мебошад. Ин хабаргузорӣ санаи 19-уми апрели соли 2016 матлаберо зери унвони «Ҳангоми задухӯрди оммавӣ дар Бирюлёво як муҳоҷир кушта шуд» («Во время массовой драки в Бирюлево убили мигранта») нашр намудааст (бойгонӣ).

Бино ба иттилои ин манбаъ, дар минтақаи Бирюлёво бар асари задухӯрди гурӯҳе аз ҷавонон ду нафар муҳоҷирон, ки яке Зарел Адамян (39-сола) ва дигаре Розубай Сармонов (19-сола) гуфта мешавад, маҷрӯҳ гашта, онҳоро ба беморхона интиқол додаанд. Вале аз шахсияти нафари сеюм, ки ба ҳалокат расидааст, маълумоте вуҷуд надорад. Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар Маскав танҳо гуфтааст, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад: «Дар натиҷаи ин задухӯрд як ҷавони 24-сола, ки ба қафаси синааш корд задаанд, ҷароҳат бардошта, ҳалок гаштааст».

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки акси мазкур ба хабаре, ки сомонаи «Оила.tj» нашр намудааст, ҳеч робита надорад. Ҳатто аз рӯи ному насаби маҷрӯҳшудагон, ки хабаргузории Блокнот.RU иттилоъ додааст, маълум гардид, ки ягон нафари онҳо ба муҳоҷирони тоҷик алоқаманд нестанд. Вале дар ин мавод низ иртиботи бевоситаи акси мазкурро мушоҳида накардем, чун дар ин бора чизе ҳам гуфта нашудааст.

Ҳукмнома

Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки сомонаи«Оила.tj» дар маводи «Боз як муҳоҷири тоҷик ваҳшиёна кушта шуд» акси кӯҳнаро истифода намудааст. Бинобар ин, ҳукмномаи «Фейк»-ро дар ин ҷо зарур донистем.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь