Ҳақиқат | Арзиши патенти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав гарон мешавад

Чӣ санҷида шуд?

Хабаргузории русии «ТАСС» 15-уми октябри соли равон хабареро зери сарлавҳаи «Арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2020 дар Маскав 350 рубл гарон мешавад» («Стоимость трудового патента для мигрантов в Москве в 2020 году возрастет на 350 рублей») нашр намуд (бойгонӣ), ки аз ин баъд, нархи патент дар як моҳ 5350 рублро ташкил хоҳад дод.

Бино ба иттилои ин хабаргузорӣ, арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти Русия сар аз соли оянда аз 5000 то ба 5350 рубл боло бурда мешавад. Дар ин бора дар маводи ҷаласаи Раёсати ҳукумати Маскав гуфта шудааст.

Ин хабар байни муҳоҷирони кории тоҷик сару садоҳои зиёдеро ба бор овард ва далелсанҷон тасмим гирифтанд, ки дурустии онро санҷанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустори «Яндекс» маълум кард, ки хабари мазкурро нахуст хабаргузории «ТАСС» санаи 15-уми октябр ба табъ расонида, баъдан дигар расонаҳои русию тоҷикӣ тақрибан бо ҳамин мазмун ин иттилоъро нашр намудаанд. Ин хабаргузорӣ дар такя ба маводи ҷаласаи Раёсати ҳукумати Маскав хабарро нашр намуда, нархи патентро аз соли 2020 дар як моҳ 5350 рубл гуфтааст.

«15-уми октябр ҳукумати Маскав лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо дар қонунҳои алоҳидаи шаҳри Маскав дар соҳаи андозбандӣ»-ро баррасӣ ва қабул намуд. Лоиҳаи қонун арзиши патентро барои ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ барои соли 2020 дар ҳаҷми 5350 рубл дар як моҳ муқаррар кардааст. Соли 2019 нархи патент 5000 рублро ташкил медод»,- гуфта мешавад дар ҳуҷҷатҳо.

Иттилоъ дар бораи болоравии арзиши патентро зимни ҷустуҷӯ дар оҷонсии «Legallabor», ки аз соли 2015 ба ин сӯ бо кӯмаки машваратӣ ва амалӣ дар масъалаҳои идоракунии кадрҳо, ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ ва саноатӣ машғул аст, пайдо кардем. Оҷонсии мазкур санаи 6-уми ноябри соли равон дар саҳифааш «Арзиши патенти корӣ барои хориҷиён дар соли 2020»-ро ҷой дода (бойгонӣ), дар зер ҷадвали пурраи «Андозаи пардохти патент барои кор дар минтақаҳо дар соли 2020 (аз ҷумла, Маскав)»-ро нашр кардааст.

Бар асоси иттилои ин оҷонсӣ, арзиши патент натанҳо дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав, балки дар дигар минтақаҳои он низ боло бурда мешавад. Нигаред ба фишурдаи ҷадвали зер:

Гуфта мешавад, арзиши патент барои шаҳрвандони хориҷӣ дар минтақаҳое, ки дар боло зикр шудааст, ҳадди ақал 5% афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳукмнома

Бар асоси санҷиши мо, воқеан ҳам арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2020 дар Маскав 350 рубл гарон мешавад. Аз ин хотир, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» ном мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь