Фактчекnews | Бозпурсии рӯзноманигор Далер Шарифов

Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро рӯзи гузашта ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Наздиконаш мегӯянд, бо гузашти ҳудуди 24 соат ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, Далер Шарифов дар Идораи амнияти ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бозпурсӣ мешавад. Вале мақомот то ба ҳол ин мавзӯъро шарҳ надодаанд ва сабабҳои дақиқи даъвати Далер Шарифов ба ин идора низ ҳанӯз дақиқ нест.

Яке аз пайвандони Далер Шарифов рӯзи 29-уми январ дар суҳбат ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ӯ баъд аз занги телефонӣ, тақрибан соатҳои 11:00-и рӯзи гузашта аз хона берун рафт. Далер ба пайвандонаш гуфтааст, «дар шаҳр як мулоқот дорам».

Ба гуфтаи пайвандони Шарифов, шоми он рӯз аз мақомоти интизомӣ ба манзили онҳо рафта, китобҳо бо расмулхати арабӣ ва компютери ӯро барои ташхис бурдаанд. Адабиёт бо хатти кириллӣ дар хонаи онҳоро танҳо номнавис кардаанд.

Гуфта мешавад, феълан барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои Далер Шарифов Маркази мустақил оид ба ҳуқуқи инсон омодагӣ дорад ва аз сӯи ин созмон як вакил низ ҷудо шудааст.

Зимнан пайвандони Шарифовро мақомот умедвор кардаанд, ки ӯ танҳо барои бозпурсӣ ва санҷиш даъват шуда, дар зудтарин фурсат раҳо мешавад.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь