Фактчекnews | Мактабҳои Тоҷикистонро ба таътили муваққатӣ фиристоданд

0
1231
vazorati maotif_ta'til
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 27-уми апрел то 10-уми майи соли равон дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон таътили муваққатӣ эълон шуд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, имрӯз, 25-уми апрел таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус баргузор шудааст.

«Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад»,- меафзояд манбаъ.

Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ 662 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 102 175 кӯдак ва 9 766 омӯзгор, 3 884 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 033 900 хонанда ва 124 593 омӯзгор, 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии 21 890 хонанда ва 2 305 омӯзгор ва 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87 696 донишҷӯ ва 6 381 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки ҷамъ 4 686 муассиса, 2 245 661 муҳассилин ва 143 045 омӯзгорро ташкил медиҳанд.

Дар идома Маркази матбуоти Вазорати маориф мегӯяд, дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррарот идома дошта, дар сурати ворид гардидани тағйирот ба таври иловагӣ иттилоъ дода мешавад.


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here