Чӣ санҷида шуд?
Хабаргузории «Asia Times» 2-уми май хабареро таҳти унвони «Дар Ӯзбекистон ҳамаи беморони COVID-19 шифо ёфтанд» (В Узбекистане все пациенты с COVID-19 вылечились) нашр кард (бойгонӣ). Ҳарчанд дар сарлавҳаи хабар аз пурра шифо ёфтани беморони гирифтори COVID-19 дар Ӯзбекистон хабар дода мешавад, вале дар матни он омадааст, ки дар вилояти Қашқадарё ҳамаи беморони гирифтори COVID-19 шифо ёфтаанд.
– Ҳамин тавр, вилояти Қашқадарё пас аз вилояти Ҷиззах дуюмин минтақа гардид, ки дар он ҷо коронавирус вуҷуд надорад,– менависад манбаъ.
Инчунин, дар матни «Asia Times» омадааст, ки дар ин бора Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад.
Хабари мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook баҳсу мунозираи зиёдеро ба бор овард, ки боис ба далелсанҷии мо гардид (бойгонӣ).
Ҳукмнома: Дасткорӣ
Далелсанҷон маълум карданд, ки хабаргузории «Asia Times» ҳанӯз ҳам ба дасткорӣ роҳ медиҳад. Чаро хулосаи мо чунин ҳукмнома гирифт, дар зер шарҳ медиҳем.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нахуст, дурустии ин хабарро дар сомонаи Вазорати тандурустии Ӯзбекистон мавриди санҷиш қарор додем. Ба иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, вилояти Қашқадарё низ ба қаламраве дохил шуд, ки аз бемории коронавирус озод гардид (бойгонӣ). «Аз ҷумла, дар беморхонаи сироятии вилоятӣ охирин бемор пурра аз коронавирус шифо ёфт. Бо иштироки кормандони Раёсати тандурустии вилоят, ӯро барои барқарорсозӣ гузарониданд».
Дар идома гуфта мешавад, ҳамаи беморони ин минтақа пурра шифо ёфтаанд ва баъд аз вилояти Ҷиззах вилояти Қашқадарё дуюмин минтақае дониста шуд, ки пурра аз бемории коронавирус озод гардид.
Ҳамчунин, матни хабари «Asia Times»-ро дар барномаи Тext.ru санҷидем. Тавре муайян шуд, ин хабаргузорӣ матни маводро пурра аз сомонаи UPL24 (бойгонӣ), нусхабардорӣ карда, дар сарлавҳа номи «Қашқадарё»-ро ба номи «Ӯзбекистон» иваз намудааст.
Хулоса
Аз ҷо метавон хулоса кард, ки иттилои «Asia Times» дар бораи шифо ёфтани ҳамаи беморон дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дуруст аст, вале хабаргузорӣ дар сарлавҳаи мавод ба «Дасткорӣ» роҳ додааст.
Бар илова, ин расона матни маводро пурра аз сомонаи UPL24 гирифта, ба манбаи асосӣ ишора ҳам накардааст, ки ин риоя накардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва нақзи меъёрҳои касбӣ дониста мешавад.
P.S. Барои осон шудани омӯзиши ҷараёни мубориза бо фейкҳо ва санҷиши иттилоот дар бораи COVID-19 ба бахши вижаи сомонаи мо «Коронавирус» гузаред.