Сомонаи Factcheck.tj бо мақсади рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаи кунҷковии шумо силсилаи бозиҳои мантиқӣ ва интерактивӣ-омӯзиширо пешниҳод мекунад. Ин бозиҳо ақлонию зеҳнӣ буда, қобилияту маҳорати зиракӣ ва ҷузъинигариро дар шумо инкишоф хоҳад дод.
Инак, санҷиши аввалини мо. Таваҷҷуҳ кунед:
– Дар дохили хоначаҳои зер, ки аз 324 адад иборатанд, ҳарфҳои парешон ҷой дода шудаанд. Лутфан, аз ин ҳарфҳо 20 калимаи вобаста ба васоити ахбори омма ва далелсанҷиро пайдо кунед. Ҳамчун намуна, мо яке аз калимаҳоро бо ранги сурх хат задем. Нафаре, ки аввалин шуда, 19 калимаи боқимондаро дармеёбад ва нусхаи онро ба мо ирсол мекунад, ӯро ТӮҲФА интизор аст!
Шарти ҷустуҷӯ: аз чап ба рост ва аз боло ба поён.
Биёед, кунҷковӣ ва зиракии худро якҷоя бисанҷем!
Лутфан, ба саҳифаи фейсбукии FactCheck.TJ ворид шуда, нахуст тугмаи «Лайк»-ро пахш намоед ва сипас, ҷавобҳоро дар саҳифаи мо нашр намоед ё ба мессенҷер (паёмрасон)-и мо ирсол кунед.
Тести омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин тест масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.