Ҷӯянда – ёбанда №2 | Логотип-пурбини мо дар куҷост?

2
427
search

Сомонаи Factcheck.tj бо мақсади рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаи кунҷковии шумо силсилаи бозиҳои мантиқӣ ва интерактивӣ-омӯзишии худро идома медиҳад. Бозиҳои мазкур ақлонию зеҳнӣ буда, қобилияту маҳорати зиракӣ ва ҷузъинигариро дар шумо инкишоф хоҳад дод.

Инак, санҷиши навбатии мо. Таваҷҷуҳ кунед:

– Дар дохили хонаи мазкур 13 логотип-пурбини Factcheck.tj пинҳон карда шудааст. Барои намуна, мо яке аз онҳоро бо ранги сурх дар дохили давра гирифтаем. Нафаре, ки аввалин шуда, 12 логотип-пурбини боқимондаро дармеёбад ва нусхаи ҷавоби онро ба мо ирсол мекунад, соҳиби ТӮҲФА мешавад!

Шарти ҷустуҷӯ: 12 адад логотип-пурбинҳоро дар дохили доира гирифта, барои мо равон кунед.

Ҳангоми ҷустуҷӯ чизи аз ҳама гуворо вақте ки шумо онро пайдо мекунед. Пас, биёед якҷоя ҷустуҷӯ намоем ва мушоҳидаҳои худро боз ҳам рушд диҳем!

Лутфан, ба саҳифаи фейсбукии FactCheck.TJ ворид шуда, нахуст тугмаи «Лайк»-ро пахш намоед ва сипас, ҷавобҳоро дар саҳифаи мо нашр намоед ё ба мессенҷер (паёмрасон)-и мо ирсол кунед.

Тести омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин тест масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.


Ба Telegram-канали мо обуна шавед ва танҳо маълумоти боэътимодро ба даст оред!

Журналист, блогер, медиа-тренер ва далелсанҷ. Сармуҳаррири сомонаи Factcheck.tj. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси "журналист" хатм намудааст. Таҷрибаи кориро дар ВАО соли 2007 оғоз намудааст. Аз соли 2012 бо гузародани таҳқиқотҳои журналистӣ машғул шуда, аз соли 2014 дар ҷодаи журналистикаи чандрасонаӣ фаъолият мебарад.

2 ШАРҲҲО

Leave a Reply