Сарфи назар аз он ки чӣ гуна мо дастрасӣ ба хабарро дорем, хоҳ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, хоҳ тариқи расонаҳои мухталиф ва ë тариқи васоити ахбори оммаи давлативу хусусӣ, хатари бархӯрд бо хабарҳои бофтаю сохта ва ё ҷаълӣ (фейкӣ) дар ҳар лаҳза моро таҳдид мекунад.
Дар асри иттилоот маҳорати хондану навиштан дигар нишондиҳандаи савод маҳсуб намешавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки агар саводи иттилоотию расонаии худро дар мавриди он ки чӣ гуна ахбори ҷаълӣ (фейкӣ)-ро аз ахбори воқеиву дақиқ ташхис дода натавонем ё надиҳем, дар ояндаи наздик ба мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ хоҳем шуд.
Ҳоло чанд тавсияеро доир ба муайян кардани ахбори бофта дар шакли баргаҳои иттилоотӣ бароятон гирд овардаем, ки ин ҷо пешкашатон медорем.
Ба хотири гирифтор нашудан ба доми ҳар гуна ахбори сохтаю бофта ё фейкӣ саводи расонаии худро то ҳадди имкон афзоиш бидиҳед ва хабарро аз чанд расона пайгирӣ кунед!
Баргаҳои омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.