Дарси 1 | Кор бо Archive.Today

Archive.Today – яке аз муҳимтарин захираҳои онлайние мебошад, ки тавассути он маводи интернетиро метавон бойгонӣ (архив) кард. Зарурати бойгонӣ кардани маводи интернетӣ дар он аст, ки дар сурати тоза ё пок карда шудан ва ё тағйир додани дилхоҳ маводи интернетӣ, нусхаи аслии маводи бойгоникардашуда дигар карда намешавад.

  • Мавод: бойгонӣ (архив)
  • Вазифа: ҳифз кардани дилхоҳ маводи интернетӣ
  • Абзор: Archive.Today

Қадами 1

Абзори «Archive.today»-ро боз мекунем.

Қадами 2

Маводе, ки бойгонӣ кардан мехоҳем, тавассути ҷустори Google ба дилхоҳ сомона ворид шуда, яке аз маводи онро интихоб мекунем. Бо пайдо кардани маводи зарурӣ, пайванд ё истиноди маводи интихобшударо нусхабардорӣ менамоем.

Қадами 3 ва 4

Пайванде, ки нусхабардорӣ кардем, онро дар ҷустори аввали абзор, ки барои ҳифз кардан бо ранги сурх ҷудо карда шудааст, мегузорем ва тугмаи «ҳифз» («сохранить»)-ро пахш мекунем.

Қадами 5

Баъд аз пахш кардани тугмаи «ҳифз», каме интизор мешавем, то маводи мо пурра ҳифз шавад… Пайванди кӯтоҳу боэътимодро, ки абзори Archive.today дар натиҷаи бойгонӣ кардани маводи мо ҳосил мекунад, онро нусхабардорӣ намуда, дар алоҳидагӣ нигоҳ медорем.

Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:

Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь