Ҳақиқат | Дар Ӯзбекистон метавонанд ба истеҳсоли доруи зидди коронавирус шурӯъ кунанд

Чӣ санҷида шуд?

Оҷонсии иттилоотии «Авесто» 7-уми июли соли равон хабареро таҳти сарлавҳаи «Дар Ӯзбекистон метавонанд ба истеҳсоли доруи зидди коронавирус шурӯъ кунанд» (В Узбекистане могут запустить производство препарата против коронавируса) ба нашр расонд (бойгонӣ).

Дар хабар омадааст, ки Ӯзбекистон тасмим дорад, ба истеҳсоли доруи зидди коронавирус бо номи «Ковипир» шурӯъ намояд. Дар ин бора мушовири вазири рушди навоварӣ ё инноватсионӣ Исоҷон Султонов ба хабаргузории Kun.uz иттилоъ додааст (бойгонӣ).

Ба гуфтаи Султонов, ширкати дорусозии «NOBEL PHARMSANOAT», ки дар Ӯзбекистон фаъолият мебарад, ба қайди давлатӣ гирифтани доруи дорои фавипиравирро оғоз кардааст.

Директори сифати ширкат Шамшод Шарифов низ гуфтааст, муҷаввиз (патент) барои ин дору ба ширкати ҷопонии Toyama Chemical тааллуқ дорад.

Азбаски ин хабар дар расонаҳои тоҷикӣ ва ҳамчунин дар гурӯҳҳои маъруфи тоҷикии шабакаи иҷтимоии Facebook нашру паҳн гардид, тасмим гирифтем, ки мавриди санҷиш қарор диҳем.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Санҷиши мо маълум кард, ки дарвоқеъ кишвари Ӯзбекистон тасмим дорад, ба истеҳсоли доруи зидди коронавирус бо номи «Ковипир» шурӯъ намояд. Айни ҳол, барои дар қайди давлатӣ гирифтани доруи мазкур корҳои омодагӣ идома доранд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Дурусти ин хабарро тавассути ҷустори Google санҷидем. Ба иттилои Агентии рушди саноати фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ширкати «NOBEL PHARMSANOAT» доруи зиддивирусии «Ковипир»-ро пеш аз ҳама барои бозори дохилии Ӯзбекистон ва сипас ба хориҷи кишвар содирот мекунад (бойгонӣ).

Хулоса

Далелсаҷӣ маълум кард, ки хабари мазкур дуруст буда, воқеан ҳам дар ҳамсоякишвари мо – Ӯзбекистон, азми истеҳсоли доруи зидди коронавирусро доранд. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» унвон мегирад.

Ёдовар мешавем, ки то ба ҳол доруи зидди СOVID-19, ки тамоми ҷаҳон тавонад аз он истифода барад, муайян нашудааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ ҳанӯз ҳеч доруеро барои муолиҷаи пурраи ин беморӣ сад дар сад тасдиқ накардааст. Вале бархе аз кишварҳо барои пешгирӣ аз бемории COVID-19 махсус доруҳои худро истеҳсол карда истодаанд.

P.S. Барои осон шудани омӯзиши ҷараёни мубориза бо фейкҳо ва санҷиши иттилоот дар бораи COVID-19 ба бахши вижаи сомонаи мо «Коронавирус» гузаред.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь