Эълон | Озмун барои рӯзноманигорону блогерони тоҷик

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои рӯзноманигорону блогерони вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва Душанбеву навоҳии тобеи марказ баҳри ширкат дар мактаби рӯзноманигорӣ дар самти сулҳофарӣ ва иртибот дар доираи лоиҳаи «Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ» озмун эълон менамояд. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, он тавассути Internews амалӣ мегардад.

Мақсади омӯзиш, расонидани донишҳои касбӣ оид ба инъикоси дурусти масоили низоъбарангез ва ҳамзамон паст кардани шиддати онҳо мебошад. Иштирокчиёни машғулиятҳо бояд донишҳоеро аз худ кунанд, ки барои бе зӯроварӣ аз байн бурдани низоъ мусоидат кунанд. Дар доираи барномаи таълимии мактаб ба иштирокчиён бехатарии рақамӣ ва ҷисмонӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ бо коршиносон оид ба муқовимат ба ифротгароии хушунатомез, роҳҳои дастрасӣ ба иттилоот ва меъёрҳои ахлоқии журналистиро меомӯзонанд.

Омӯзиш дар барномаи таълимӣ пурра ройгон аст.

Танҳо он иштирокчиёне, ки пурра даври омӯзишӣ (2 тренинг)-ро мегузаранд, имкон пайдо мекунанд дар озмуни грантӣ иштирок карда, барои сохтани матлаб соҳиби грант шаванд.

Барои иштирок дар барномаи омӯзишӣ хоҳишмандон бояд линки яке аз матлабашонро оид ба инъикоси низоъ, ҳамчунин эссе дар мавзӯи «Барои чӣ ман иштирокамро дар ин барнома зарур меҳисобам?» ва маълумотномаашон (CV)-ро ба нишонии lolamerganova8(at)gmail.com равон кунанд.

Нафарони интихобшуда тариқи почтаи электронӣ ва инчунин телефон оид ба санаҳои баргузории омӯзишҳо дар Душанбе ва Хуҷанд хабардор карда мешаванд.

Рақам барои иртибот: 227-34-78, 98-526-84-20.

Муҳлати қабули дархостҳо то соати 17.00 санаи 12 июли соли 2020.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь