Ҳақиқат | Чин мехоҳад занони ӯйғурро маҷбуран аз таваллуд боз дорад

Чӣ санҷида шуд?

30-юми июни соли равон дар сомонаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» – Pressa.tj, матлабе бо номи «Чин мехоҳад занони ӯйғурро маҷбуран аз таваллуд боз дорад» ба нашр расидааст (бойгонӣ). Ин матлаб аз саҳифаи Радиои Озодӣ бознашр шудааст.

Иқтибос:

«Таҳқиқоти наве, ки рӯзи душанбеи 29 июн нашр шуд, мегӯяд, ниҳодҳои ҳукумати Чин ба ҳадафи пешгирӣ аз рушди аҳолии ӯйғурҳо дар минтақаи Шинҷон, занҳои ин ақалиятро ба таври маҷбурӣ ақим ё нозо мекунад. Ин таҳқиқот бар асоси оморҳои давлатӣ дар минтақаи Шинҷон, санадҳои расмӣ оид ба иҷрои ин сиёсат ва мусоҳиба бо занони ақалияти ӯйғур, таҳия шудааст».

Хабари мазкур, ки дар расонаҳои тоҷикӣ нашр шуда, байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба таври густурда паҳн гардид, боис ба санҷиши мо шуд.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Бори аввал нест, ки чунин хабарҳо дар бораи ақаллиятҳои миллӣ, хоса ӯйғурҳо нашру паҳн мешаванд. Зимни санҷиш маълум шуд, ки Чин дарвоқеъ хостори боз доштани таваллуд миёни занони ӯйғур аст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, ин матлабро аз саҳифаи Радиои Озодӣ ҷустуҷӯ намудем. «Пажӯҳиш: Чин дар пайи «маҷбуран нозо кардан»-и занони ӯйғур аст»,- бо чунин унвон матлаберо дарёфтем (бойгонӣ), ки хабаргузории Pressa.tj дар саҳифаи худ бознашр карда буд.

Инчунин, тавассути ҷустори Google чанд маълумоти заруриеро дар ин бора пайдо кардем. Бунёди Ҷеймстаун, ки яке аз самтҳои асосии барномаи таҳқиқотии он ба кишвари Чин бахшида шудааст, дар сомонаи худ ҳисоботи вижаеро нашр намудааст (бойгонӣ), ки он дар бораи назорати ҳатмии таваллуд ва пешгирӣ аз афзоиши аҳолии ӯйғурҳо дар минтақаи Шинҷон аз тарафи ҳукумати Чин мебошад. Гуфта мешавад, таҳқиқоти мазкур бар асоси омору санадҳои расмӣ дар минтақаи Шинҷон оид ба иҷрои ин сиёсат ва суҳбатҳо бо занони ақаллияти ӯйғур омода шудааст.

Бино ба ин ҳисоботи вижа ва гузоришоти расонаҳои дигар, яке аз сабабҳои асосии чунин амалкарди ҳукуматдорони Чин афзоиши бесобиқаи аҳолии минтақаи Шинҷон гуфта мешавад (Нигаред ба ҷадвал, саҳ. 4).

Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар Чин, маъруф бо IPAC низ 29-уми июни соли равон аз ошкор сохтани далелҳои нав дар бораи он ки ҳукумати Чин барномаи назорати таваллудро мавриди ҳадафи ақаллиятҳои мусалмонӣ дар ноҳияи Шинҷон қарор додааст, хабар дод (бойгонӣ).

Хулоса

Санҷиши мо собит кард, ки воқеан ҳам ҳукуматдорони Чин барои пешгирӣ аз афзоиши аҳолии ӯйғурҳо ва назорати ҳатмии таваллуд миёни занони ин ақаллият дар минтақаи Шинҷон барномаҳои махсусро пиёда месозад. Аз ин лиҳоз, ба маводи мазкур ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро зарур донистем.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь