Ҳангоми кор дар олами маҷозӣ (Интернет) бояд эҳтиёткорона рафтор кард.
Нахуст, аз ҳар гуна рекломҳои онлайнӣ даст кашид;
Дуввум, пеш аз қабули дӯстони нав онҳоро таҳлил намуд;
Саввум, ҳамеша маълумоти санҷидашударо нашр кунед;
Сипас, аз табодули маълумоти шахсии худ ва дигарон худдорӣ намоед.
Ин ҷо чанд тавсияеро дар шакли баргаҳои иттилоотӣ пешкаш мекунем, ки метавонед аз онҳо истифода баред.
Агар хоҳед, ки дар олами маҷозӣ рафтори бо масъулият дошта бошед, пас ин ҳама тавсияҳо маҳз барои шумост!
Манбаъ: CyberSTAR
Баргаҳои омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.