Webmii – абзори онлайние аст, барои санҷидан ва тафтиш кардани фаъолияти одамон кӯмак мерасонад. Кофист, ки ному насаби ягон нафарро дар ҷустори абзори мазкур нависед, то саҳифаҳои он шахсро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бароятон пешкаш намояд. Инчунин, барои санҷиш ё тайиди коршиносону мутахассисон василаи хубест.
- Мавод: ному насаби дилхоҳ коршинос ё мутахассис
- Вазифа: тафтиш кардани фаъолияти коршинос ё мутахассис
- Абзор: Webmii.com
Қадами 1
Тавассути браузери худ «Webmii»-ро боз мекунем.
Қадами 2 ва 3
Дар ҷустори ин абзор ному насаби дилхоҳ коршинос ё мутахассиеро менависем. Барои мисол, ин ҷо ному насаби «Jamshed Ma’ruf»-ро бо ҳуруфи лотинӣ ворид мекунем. Вале шумо метавонед, ному насаби дигар шахсиятҳоро бо ҳуруфи кириллӣ нависед. Сипас, тугмаи «Search»-ро пахш мекунем.
Қадами 4
Дар равзанаи навбатӣ чанд маълумоти зарурӣ дар бораи «Jamshed Ma’ruf» пайдо гардид. Дар он саҳифаҳои ин шахсро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хабару гузоришҳои ӯ ва чанде аз мақолаву баромадҳояшро, ки дар ин ё он расона нашр шудаанд, дидан мумкин аст.
Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:
Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.