Таҳлил | COVID-19, муҳоҷират ва бекорӣ: чӣ гуна бозгашти зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба вазъи бекорӣ дар кишвар таъсир мерасонад?

Дар барорбари садҳо шаҳрвандони тоҷик, ки мехоҳанд бо ҳар роҳе аз Русия ба ватан баргарданд, садҳо нафари дигар нияти сафар аз Тоҷикистон ба Русияро доранд, чун дар даврони пандемия бештаре аз муҳоҷироне, ки зиндагиашонро аз ҳисоби муҳоҷират пеш мебурданд, дар Тоҷикистон ба мушкилии молӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Гулрӯ Раҷабзода
АКС: Sputnik Тоҷикистон

Ахиран, зимни нишасти хабарӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода иттилоъ дод, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 129 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба хориҷа сафар карданд ва ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 170 ҳазор нафар кам мебошад. Ӯ гуфт, дар нимсолаи аввал беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштанд, ки ин ҳолатро вазир бо пандемияи коронавирус дар кишварҳои мизбони муҳоҷирон ва баста шудани марзҳои кишварҳо рабт дод.

Манбаъ: cisstat.com, Агентии омор

Бекории муҳоҷирони бозгашта дар Тоҷикистон

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар даврони падемияи COVID-19, 800 муҳоҷир ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки аксарияти онҳо аз кишвари Русия буданд.

Умед яке аз он ҷавонест, ки аз муҳоҷират баргаштааст ва дар ин вазъияти коранвирусӣ ба мушкилиҳои зиёди молӣ ва равонӣ гирифтор шудааст. Чун пуле, ки дар Тоҷикистон аз ҳисоби мардикорӣ ба даст меорад, барои таъмини хонаводааш кофӣ нест.

– Дар Тоҷикистон ба корҳои сохтмонӣ машғул шудану аз ҳисоби он хонаводаро таъмин кардан хеле душвор аст, махсусан дар даврони пандемия. Агар ман дар як моҳ дар Русия 150 ҳазор рубли русӣ кор мекардам, пас дар Тоҷикистон, махсусан дар даврони коронавирусӣ дар як моҳ тақрибан 300-500 сомонӣ кор мекунам, ки барои таъмини чор фарзанди ноболиғам басанда нест. Вале қаблан, ки коронавирус набуд, дар Тоҷикистон дар як моҳ 2000-2500 сомонӣ маблағ ба даст меовардам. Ин дар ҳолест, ки се нафари он мактабхон ҳастанд ва ба наздикӣ дарсҳо шурӯъ мешаванд, ки барои онҳо сару либос ва лавозимоти мактабиро харидорӣ кардан лозим. Вале зӯри ман ба се нафар, ки ноновари хона як худам ҳастам, намерасад, – афзуд Умед.

Умед мегӯяд, танҳо фурсатеро интизор аст, ки марзҳо ва парвозҳо ба Русия кушода шаванд, то ин ки зудтар барои дарёфти қути лоямути хеш роҳи муҳоҷиратро пеш гирад.

Ӯ ягона нафаре нест, ки зиндагиашро аз ҳисоби муҳоҷират пеш мебарад. Бинобар пандемия бисёре аз муҳоҷирон ҷойҳои кории худро аз даст доданд.

Ҷаҳон, як сокини ноҳияи Ёвон низ, ки 38 сол дорад, аз зумраи нафаронест, ки дар Тоҷикистон пайваста дар ҷустуҷӯи кор аст ва ҳар коре, ки пеш ояд, барои таъмини оилааш анҷом медиҳад. Ӯ дар муқоиса бо Умед дар як моҳ то 1000 сомонӣ маблағ ба даст меорад, вале тавре худи ӯ мегӯяд, ин маблағ танҳо барои рӯзғори хонааш мерасаду бас.

«Маблағе, ки аз ҳисоби мардикорӣ ба даст меорам, танҳо ба хӯрданамон басандагӣ мекунад. Панҷ фарзанд дорам ва ҳамаи онҳо таҳсил мекунанд. Ин пандемия пеши роҳи мо шуд ва имсол барои дарёфти кору пешбурди зиндагӣ танқисӣ мекашем. Хуб мешуд, агар роҳҳо кушода мешуданд ва мо мисли пешин ба муҳоҷират мерафтем. Ба ҳар ҳол, дар Русия аз Тоҷикистон дида, чанд баробар зиёд кор мекунӣ», – гуфт Ҷаҳон.

Коршиносон бар он назаранд, ки дар ҳолати бозгашти шумораи зиёди муҳоҷирон сафи бекорон низ дар кишвар бештар мегардад, ки вазъро дар кишвар дигаргун мекунад.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, ки қисми зиёди муҳоҷирон бо сабаби пандемияи COVID-19 дар мавсими баҳорӣ ҳиҷрат карда натавонистанд ва онҳое, ки акнун аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд, шумораи бекорон боз ҳам афзуд.

Каримҷон Ёров

«Ҳоло дар Русия кор хеле зиёд аст ва корфармоён ба муҳоҷирон мӯҳтоҷанд, вале шумори муҳоҷирон кам мондааст», – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ин коршиноси тоҷик пешниҳод менамояд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд як фонди захиравие барои чунин ҳолатҳои фавқулода барои муҳоҷиронаш дошта бошад. Аз дигар давлатҳо грантҳо гиранд ва онро ба муҳоҷирони бозгашта диҳанд, то ин ки ба тиҷорати хурду миёна машғул шаванд.

– Ҳамзамон, онҳоро то гузаштани пандемия аз ҳудуди 1 то 5 сол аз андоз озод кунанд. Барои мисол, агар 100 000 нафар мағоза дар ҳудуди ҷумҳурӣ кушода шавад, тасаввур кунед, ки аз 20 то 30 фисади муҳоҷирон бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Чунин грантҳое, ки меоянд, ба муҳоҷирон ё ба шакли пулӣ дода шавад ва ё таҷҳизоти лозима барои шурӯи тиҷорати онҳо харидорӣ гардад. Агар ҳадди ақал 20-30 фисади муҳоҷиронро корхонаҳои бузурги кишвар ба кор қабул намоянду он корхонаҳоро қисман аз андоз озод намоянд, фикр мекунам, ҳам ба нафъи корхона ва ҳам барои мардуми муҳоҷире, ки дар Тоҷикистон мондаанд, хоҳад буд, – илова кард, ин коршиноси тоҷик.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як барномаи зиддибӯҳрониро таҳия кардааст, ки ба касбомузӣ ва корёбии муҳоҷирони бозгашта кӯмак хоҳад кард.

COVID-19 ва кам шудани интиқоли маблағҳои муҳоҷирон

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
АКС: Sputnik Тоҷикистон

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли равон маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони корӣ коҳиш ёфтааст, ки он ба COVID-19 рабт дорад. Дар ин маврид, санаи 22-уми июл раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон 195 миллион доллар камтар пул интиқол додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 14,8% камтар аст.

Ӯ ҳамзамон иброз дошт, ки дар шаш моҳ муҳоҷирони корӣ ба кишвар 999 миллион доллар интиқол додаанд, ки 174 миллион доллар камтар аст.

Бонки Ҷаҳонӣ низ дар гузориши нави худ, ки 22-уми апрел нашр шуда буд, коҳиши рекордии маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро дар ҷаҳон пешбинӣ мекунад. Бино ба баҳогузории ин ниҳоди байналмилалии молӣ, кам шудани маблағҳои интиқолӣ ба кам шудани маош ва корёбии муҳоҷирон рабт дорад, ки дар соли ҷорӣ 20%-ро дар бар мегирад.

Агар дар соли 2019 пули фиристодаи муҳоҷирон дар миқёси ҷаҳонӣ 554 миллиард долларро ташкил медод, пас, дар соли ҷорӣ ин шумора ба кишварҳои камдаромад ва даромадашон дар сатҳи миёна ба 445 миллиард доллар баробар хоҳад шуд, ки сабаби ба таври назаррас коҳиш ёфтани сатҳи зиндагонии оилаҳое мегардад, ки барояш ин манбаи аслии даромад аст. Аммо соли 2021 афзоиши маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон пешгӯӣ мешавад, ки расидани он ба ҳаҷми 470 миллиард доллар дар назар аст.

Манбаъ: Бонки Русия

Оё пандемияи COVID-19 метавонад имконияти вобастагӣ аз муҳоҷиратро кам кунад?

Бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон, ки дар пайи бемории ҳамагири COVID-19 ба вуҷуд омадааст, осебпазирии муҳоҷирони тоҷик ва иқтисоди Тоҷикистонро бештар кардааст.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон яке аз он кишварҳое маҳсуб мешавад, ки иқтисодаш пойбанди пули муҳоҷирони корӣ аст ва дар ҳолати кам интиқол ёфтани маблағи муҳоҷирон, иқтисодиёти Тоҷикистон зарари ҷиддӣ мебинад.

Абдурақиб Қодиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки интиқоли ками маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон қабл аз ҳама ба иқтисоди хонаводаҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.

«Агар ҳаҷми интиқол коҳиш ёбад, бо назардошти он, ки як қисми зиёди муҳоҷирон дар Тоҷикистон банд мондаанд ва иҷозаи вуруд ба Русияро надоштанд, охирҳои тирамоҳ ва зимистони соли оянда низ барои иқтисоди хонаводаҳои Тоҷикистон соли хеле вазнин хоҳад буд», – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, бо ин ки 40 фисади иқтисоди Тоҷикистон пойбанди маблағи муҳоҷирон аст, ба нафъи кор нест, баръакс бар зарари иқтисоди кишвар аст. Чун мо бояд 10 сол қабл маблағҳои фиристодаи муҳоҷиронро самаранок истифода бурда, барои баромадан аз вобастагии бозори меҳнати Русия талош мекардем.

Абдурақиб Қодиров

– Даҳ сол қабл имкониятҳо вуҷуд доштанд ва мо захираҳои миллиро дар даст доштем, бояд тадриҷан ва баъдан хеле босуръат фисади муҳоҷирони кориро кам мекардем. Зеро, ин вобастагӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ хатарнок аст. Бе ин ҳам, ин ҳамбастагӣ барои иқтисод ва суботи миллӣ хеле зарари ҷиддӣ овард. Мо бояд ақаллан дар ҳадди 10 ё 20 фисад вобаста бошем. Агар мо аз ин зиёд вобаст шавем, табиист, ки ин боиси нигаронӣ ва омили хатар аст, – илова намуд иқтисоддон.

Ҳамзамон, ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ки маҳз ҳамин вазъи коронавирусӣ ва бӯҳронӣ дар кишвар бояд сабаб гардад, ки мо дар пайи раҳоӣ аз чанги муҳоҷирати меҳнатӣ бошем.

– Мо дар дохили Тоҷикистон даҳсолаҳо қабл бояд фазои мусоиди сармоягузорӣ меовардем, фаъолияти низоми бонкӣ, фаъолияти муассисаҳои қарзиро билкулл ба талаботи замони муосири сармоягузорон мутобиқ мекардем. Низоми бонкии Тоҷикистон як маҳаки асосии сармоягузорӣ аст, бо ин фоизҳои баланде, ки доранд, онҳо натавонистанд барои рушди бозори дохилии меҳнат мусоидат кунанд.

Омили дигар он буд, ки дар натиҷаи баланд бурдани меъёри андозҳо сармоягузорон низ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ чандон ҳавасмандӣ нишон надоданд ва ин ду омили ҷиддӣ аст: яке қарзҳои бонкӣ ва дигаре соҳаи андоз. Мо танҳо дар ҳолати тағйир додани низоми бонкӣ бо ислоҳоти ҷиддӣ ва тағйир додани Кодекси андоз, сабукиҳо дар андоз метавонем, ки сармоягузории дохилиро ба иқтисод ҷалб кунем. Сармоягузории берунаи мустақимро ворид намоем ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ шароит фароҳам оварем, – афзуд Қодиров.

Тавре Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия қайд мекунад, Русия макони аслии кору даромади муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ба шумор меравад ва дар солҳои қаблӣ, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, соле ҳудудан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар дар ҷустуҷӯи кор қарор дошт. Вале дар вазъияти коронавирусӣ ин шумора ба 700-800 ҳазор омада расидааст.

Фарқияте, ки аз омори пешниҳоднамудаи коршинос бармеояд, ба иттилои расмӣ оид ба теъдоди нафароне, ки соли ҷорӣ ба муҳоҷират нарафтаанд, хеле наздик аст. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин нафарон бояд дар шароити пандемия дар дохили кишвар ҷойи корӣ ёфта, фаъолияти меҳнатии худро идома диҳанд. Аммо на ҳамаи онҳо барои гирифтани мақоми шахси бекор ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат менамоянд.

Бино ба иттилои Гулшанзода Раҷабалӣ, сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба ин ниҳод 79 ҳазору 755 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд. Ҳамчун бекор 58 ҳазору 719 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод ба 33 ҳазору 184 нафар мақоми бекорӣ дода шудааст. Дар ҳамин давра аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо 10 ҳазору 431 адад ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардидааст, ки аз ҳисоби муроҷиаткардагон 36 ҳазору 885 нафари он бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Илова бар ин, мувофиқи маълумоти сомонаи Махзани миллии маълумот доир ба ҷойҳои кории холӣ, айни замон 4882 вакансияҳои фаъол дар 972 ширкат мавҷуд аст ва онҳо мунтазири довталабонанд.

Саҳифаи аввали сомонаи kor.tj

Аммо, аз омори пайдогардида хулоса кардан мумкин аст, ки на ҳамаи шаҳрвандони корҷӯ барои гирифтани мақоми бекорӣ муроҷиат карда, ба қайд гирифта мешаванд ва нишондиҳандаҳои расмӣ доир ба бекорӣ дар кишвар аз ҳақиқати ҳол дуранд. Дар асл, бозори меҳнат дар кишвар бо мавҷудияти пешниҳоди барзиёд, талаботи кофӣ надорад. Аз ин рӯ, барои қисми зиёди аҳолии синну соли меҳнатӣ то ҳол муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз асоситарин роҳи дарёфти ҷойи корӣ ва қути лоямут боқӣ мемонад. Дар ин ҳол, аз даст рафтани имконияти берун баромадан аз кишвар, ки боиси кам гаштани теъдоди муҳоҷирон шудааст, ба зиёд шудани сафи бекорон – чӣ расмӣ ва чӣ ғайрирасмӣ, оварда расондааст. Аз ҷониби дигар, пандемияи COVID-19 ба вазъи соҳибкории хурду миёна, ки яке аз роҳҳои бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон аст, таъсири манфӣ расонд. Дар чунин вазъ ба бӯҳрон гирифтор шудани бозори меҳнат аз эҳтимол дур нест ва ҳукумати кишвар ба он бояд омодагии ҷиддӣ бинад.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь