Who posted what? (Кӣ чӣ навиштааст?) – барои дарёфти калима ё суханони асосӣ ва маълумоти зарурӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook мебошад. Ин абзор ба шумо имкон медиҳад, ки калимаҳои калидиро барои санаҳои мушаххас (рӯз, моҳ ё сол) ҷустуҷӯ кунед.
- Мавод: коронавирус дар Тоҷикистон
- Вазифа: дарёфти маълумот доир ба коронавирус
- Абзор: Whopostedwhat.com
Қадами 1
Ба абзори Who posted what? (Кӣ чӣ навиштааст?) ворид мешавем.
Қадами 2
Дар чанд ҷусторчаҳои абзори мазкур ибораи «коронавирус дар Тоҷикистон»-ро бо санаҳои мушаххас (рӯз, моҳ ва сол) ворид мекунем. Ин ҷустуҷӯҳо мустақил ва ҳамзамон сурат мегиранд.
Қадами 3
Тугмачаҳои «Search»-ро бо навбат пахш мекунем ва дар равзанаҳои алоҳида саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии Facebook боз мешаванд.
Қадами 4
Ба саҳифаҳои бозшудаи Facebook назар мекунем, ки мувофиқ ба ҷустуҷӯи мо, дар он танҳо доир ба масъалаи «коронавирус дар Тоҷикистон» кӣ чӣ навиштааст, маълумот пайдо карда метавонем.
P.S. Бо ин абзор шумо метавонед дигар калима ё ибораи калидиеро ворид карда, тавассути шабакаи иҷтимоии Facebook маълумоти зарурӣ пайдо кунед!
Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:
Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.