Дарси 10 | Кор бо Google Images ва Яндекс.Картинки

Google Images ва Яндекс.Картинки – аз абзорҳои вижаест, ки барои дарёфти тасвирҳо/акс/сурат дар Интернет пешбинӣ шудааст.

  • Мавод: ҷустуҷӯи акс
  • Вазифа: дақиқ кардани номи бино ва маҳалли ҷойгиршавии он
  • Абзорҳо: ҷусторҳои Google Images ва Яндекс.Картинки

Қадами 1

Барои дарёфти акси мазкур ба мо ҷусторҳои Google Images ва Яндекс.Картинки кӯмакрасонанд. Нахуст, ин аксро дар ҷустори Google Images мавриди ҷустуҷӯ қарор медиҳем.

Қадами 2

Тугмаи «Дастгоҳи аккосӣ»-ро пахш мекунем, то акси заруриро бисанҷем.

Қадами 3 ва 4

Ҳангоми пахш кардан, Google Images тугмаҳои «Указать ссылку» ва «Загрузить файл»-ро пешниҳод мекунад. Агар шумо пайванд (ссылка)-и ин аксро дошта бошед, метавонед дар ҷои муқарраршуда онро гузоред ва тугмаи «Поиск по картинке»-ро пахш кунед. Ё худи аксро бевосита дар ин ҷо кашида партоед.

Вале агар шумо дар дасти худ ин аксро дошта бошед, пас тугмаи «Загрузить файл»-ро пахш карда, акси лозимаро интихоб намоед.

Қадами 5

Тавре аз ҷустори Google Images дида мешавад, ин акс дар шаҳри Прага гирифта шуда, Калисои Людмилаи муқаддас ном дорад. Яке аз маълумоте, ки ҷустори мазкур бароямон пешкаш намуд, онро дар саҳифаи алоҳида боз намуда, мутолиа мекунем.

Қадами 6

Бар асоси маълумоти пешниҳодшуда, аксе, ки мавриди санҷиш қарор додем, аслан ба Калисои Стефани муқаддас дар Вена ҳеч рабте надорад. Ғолибан, қиссаи нашршуда тахайюлӣ асту бас.

Қадами 7

Барои боварии комил ҳосил намудан, ин аксро дар ҷустори Яндекс.Картинки низ мавриди санҷиш қарор медиҳем.

Қадами 8

Тугмаи шаффофи «Дастгоҳи аккосӣ»-ро пахш мекунем.

Қадами 9 ва 10

Яндекс.Картинки низ бароямон имкон медиҳад, ин аксро чун мисли Google Images дар шаклҳои гуногун бисанҷем.

Қадами 11

Аммо агар дар дасти шумо ин акс бошад, пас тугмаи «Выберите файл»-ро пахш намуда, акси заруриро интихоб кунед.

Қадами 12

Ҷустуҷӯи мо дигарбора собит кард, ки ин Калисои Людмилаи муқаддас буда, дар шаҳри Прага воқеъ мебошад ва ба Калисои Стефани муқаддас дар Вена ҳеч иртиботе надорад.

P.S. Ҳангоми ҷустуҷӯи ин ё он мавод/акс кӯшиш кунед, маълумоти заруриро на танҳо аз як ҷустор, балки аз дигар ҷусторҳо низ бисанҷед. Зеро, ин имкон медиҳад, маълумоти боз ҳам пурратарро ба даст оред!

Дар зер бо навори дарсии мо шинос шуда метавонед:

Навори омӯзишии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ «Равзана» барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь