Чӣ санҷида шуд?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооте дубора паҳн мешавад (бойгонӣ), ки гӯиё профессори ҷопонӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел Тасуку Ҳонҷо изҳор доштааст, ки коронавирус ба таври сунъӣ дар Чин сохта шудааст.
Ҳукмнома: Фейк
Инро ҳатто метавон зомби-фейк номид. Зеро, дар моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ далелсанҷони Snopes ва дигар хабаргузориҳо онро рад карда буданд. Ҳоло ин фейк ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ расид.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Худи профессор Тасуку Ҳонҷо ин паёми фейкиро, ки бо чанд забон дар аксар кишварҳо паҳн шудааст, ҳанӯз моҳи апрели соли 2020 рад карда буд. Раддияи профессор 27-уми апрел дар сомонаи Донишгоҳи Киото ба нашр расида, порае аз онро ин ҷо меорем:
«Пас аз беморӣ, талафоти иқтисодӣ ва ранҷу азобҳои бесобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадаанд, ман хеле афсӯс мехӯрам, ки номи ман ва номи Донишгоҳи Киото барои паҳни иттиҳомоти бардурӯғ ва маълумоти нодуруст истифода шудааст. Ин давра барои ҳамаи мо, алалхусус барои онҳое, ки фаъолияташонро ба тадқиқоти пешрафтаи илмӣ бахшидаанд, то якҷоя бар зидди душмани умумӣ мубориза баранд… Дар ин марҳала, ки тамоми қувваи мо барои табобати беморон зарур аст, пахши даъвоҳои беасос дар бораи пайдоиши ин беморӣ касро парешон мекунад».
Далелҳои илмӣ нишон медиҳад, ки коронавируси нави SARS-CoV-2 асли табиӣ дорад. Дар бораи пайдоиши сунъии он то имрӯз ягон далели илмӣ вуҷуд надорад. Бар илова, дар иттилои паҳншуда гуфта мешавад, ки Тасуку Ҳонҷо дар озмоишгоҳи Вуҳани Чин кор кардааст. Ин ҳам маълумоти бардурӯғ аст, зеро профессор танҳо дар ИМА ва Ҷопон кор кардааст, ки инро аз тарҷумаи ҳоли ӯ дар сомонаи донишгоҳ дидан мумкин аст.
Хулоса
Санҷиши мо собит намуд, ки иттилоъ дар бораи «Профессори ҷопонӣ пайдоиши сунъии коронавирусро эълон кард» асоси воқеӣ надорад. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Фейк» унвон мегирад.
Дило ДОРОБШОЕВА