Вазира Абулфайзова, як тан аз занони ҳунарманде, ки бо шарофати гранти раиси вилоят соҳиби 10000 сомонӣ гашта, тавонист 10 нафар духтаронро гирди худ ҷамъ оварад ва ба онҳо ҳунарашро омӯзонад.
Ӯ соли 2019 барои ҳунари гулдӯзиаш ба гранти раиси вилояти Суғд ноил шуда, бо ин маблағҳо барои гулдухтарони шаҳри Гулистон маҳфили гулдӯзӣ ташкил кард.
Ин ҳунарро ба Вазира модараш омӯзонидааст ва ҳоло ӯ давоми як сол аст, ки дигар духтаронро меомӯзонад.
– Гулдӯзӣ ин ҳунари аҷдодони мо мебошад ва ман ҳамеша орзу доштам, ки онро ба гулдухтарони худамон низ омӯзонам, – афзуд Вазира.
Муфассалтар дар кэпшн-видеои навбатии мост.
Манижа ШИРИНОВА,
Мактаби расонаии «JMBpictures»
Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.