Подкаст | Ихтирои тайёраи бесарнишин аз тарафи хонандаи мактаб

0
1438
besarnishin
АКС: Pexels

Хонандаи яке аз макотиби миёнаи шаҳри Хуҷанд тайёраи бесарнишини «МТИВ-2020» ихтироъ кардааст, ки берун аз Тоҷикистон низ сазовори ҷойи аввал шуд.

Ҷамшед Назаров, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд буда, инчунин аъзои Маҳфили авиамодели Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд мебошад.

Номбурда яке аз аъзои фаъол ва навовар аст, то кунун чандин намуна ҳавопаймоҳоро, аз ҷумла бесарнишинро ихтироъ кардааст.

Айни замон, Ҷамшед дар сари ихтирои навбатиаш, ки тайёраи бесарнишин барои соҳаи ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, кор карда истодааст.

Муфассал дар нахустин подкасти ҳаваскорони мо – «Навовар».

Баҳрулло АҲАДОВ,

Мактаби расонаии «JMBpictures»

Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here