Фактчекnews | Ҷоизаҳои Латифӣ, Ҷумъа Толиб ва Иқбол Илёсзода эъто шуданд

0
901
ҷоизасупорӣ
АКС: Фараж

Имрӯз дар конфронси бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот» дар меҳмонхонаи «Ҳайат»-и шаҳри Душанбе супоридани ҷоизаҳои журналистӣ доир гардид, – хабар медиҳад, сомонаи расмии нашрияи «Фараж».

Ҷоизаи «Эътимод», ки аз ҷониби Шӯрои ВАО таъсис ёфтааст, ба масъули гурӯҳи «Ахбор барои афкор» дар Фейсбук, журналист Раҷаби Мирзо эъто гардид. Ҷоизаи МТЖТ «Сухангӯи беҳтарин» ба номи Иқбол Илёсзода ба котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм Эҳсон Хушвахт лоиқ дониста шуд. Ҳамчунин, дар доираи ин ҷоиза маблағи муайян ба хонаводаи марҳум Иқбол Илёсзода ҷудо гардид.

Дар эътои ин ҷоиза директори МТЖТ Хуршед Атовулло гуфт: «Ҳодисаҳои ахир дар марз нишон дод, ки на танҳо аз шаҳри Хуҷанд, балки аз шаҳри Душанбе ҳам рафтани журналистон натавонист, ҷои Иқболро пур кунад. Ҷои ӯ то ҳол холист».

Дар идома ҷоизаи «Рисолати касбӣ» ба номи Отахон Латифӣ аз ҷониби Медиа Алянси Тоҷикистон ба муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далер Мерганов ва журналист Ҷамшед Маъруф, ҷоизаи тадқиқоти журналистӣ ба номи Ҷумъа Толиб ба журналистон Ёқуб Ҳалим ва Мазҳаб Ҷумъаев, ҳамчунин ҷоизаи «Ҷасорат ва рисолати касбӣ» ба Абдулло Ғурбатӣ эъто гардиданд.


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here