Фейк | Оилае аз ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дар коми оташ монда, осеб диданд (аксҳо)

Чӣ санҷида шуд?

Тавассути Telegram-канали Ворух-Баткен паёмаке бо акси кӯдаки рӯяш хеле ба таври даҳшатбор сӯхта ва акси зане, ки дар бистари беморӣ аст, ба таври васеъ паҳн шуда истодааст (бойгонӣ). Дар матни паёмак гуфта мешавад, ки гӯиё нафарони дар аксбуда оилае аз деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аст, ки ҳангоми муноқишаҳои марзӣ бо Тоҷикистон бар асари сӯхтори хонаашон тамоми аъзои оилааш дар коми оташ монда, осеб дидаанд.

«Дар ноҳияи Лайлаки деҳаи Мақсади вилояти Бодканд – ҳаммарз бо Тоҷикистон, оилаи Усубалиевҳо, ки аз ҳама хурдиаш каме беш аз 1 сол дорад, зарар дидаанд, инчунин волидони онҳо низ маҷрӯҳ шудаанд – падар дар шӯъбаи эҳё аст… Хона ва ҳамаи чизҳои оилаи Усубалиевҳо сӯхтаанд. Барои онҳо кӯмаки молиявӣ, либос ва хӯрокворӣ, маблағ барои кӯмаки тиббӣ зарур аст», – омадааст, дар паёмак ва рақами суратҳисоби нафаре барои расонидани кӯмак гузошта шудааст.

Дар зери ин паёмак садҳо нафар шарҳ навиштаанд ва ҷонибҳоро барои даргирӣ муттаҳам карда, аз ҷумла ҷониби Тоҷикистонро барои «бераҳмӣ» маҳкум кардаанд.

Дар ин мавод дар баробари акси кӯдаку ҷавонзани осебдида, акси ҳолати пас аз сӯхтори хонае низ ҷой дода шудааст. Мо хостем муайян кунем, ки оё дарвоқеъ кӯдак ва ин зан зарардидагони муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳастанд.

Ҳукмнома: Фейк

Кӯдак ва зане, ки дар аксҳо тасвир ёфтаанд, аслан ҳеч робитае ба ин ҳодиса надоранд. Зан шаҳрванди Қазоқистон ва кӯдак шаҳрванди Озарбойҷон аст, ки ҳар ду дар ҳодисаҳои алоҳидаи сӯхтор зарар дидаанд.

Скриншот аз Telegram-канали Ворух-Баткен

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо аксҳои зан ва кӯдакро дар алоҳидагӣ мавриди санҷиш қарор додем.

Санҷиши 1:

Дар паёмаке, ки акси зан нишон дода шудааст, он ҳанӯз моҳи ноябри соли 2016 дар сомонаи қазоқии Tengrinews.kz нашр гардидааст (бойгонӣ). Ҷавонзане, ки дар бистари хоб аст, як сокини минтақаи Қизилӯрдаи Қазоқистон аст, ки моҳи ноябри соли 2016 бар асари таркиши балони газ хонааш дар коми оташ мондааст ва ӯву фарзандонаш осеб дидаанд. Дарвоқеъ, акси ҳолати хонаи баъди сӯхтор, ки дар маводи мавриди санҷиши мо ҷой дода шудааст, маҳз ҳамин акси хонаи зан аст, на акси хонаҳои дар муноқишаи марзии ахир оташгирифта. Инчунин, дар маводи сомонаи Tengrinews.kz акси фарзандони ин зан ҳам оварда шудаанд, вале онҳо он кӯдаконе нестанд, ки дар маводи мавриди санҷиши мо аксаш ҷой дода шудааст.

Санҷиши 2:

Ҷустуҷӯи акси кӯдак нишон дод, ки акси ин кӯдакро ҳанӯз моҳи марти соли 2019 рӯзномаи «Каспий»-и Озарбойҷон дар сомонааш нашр кардааст (бойгонӣ). Аз кӯдак Анҷела Алекпарова (Анжела Алекперова) ном бурда мешавад. Акси ин кӯдак замоне расонаӣ шудааст, ки ҳангоми сӯхтор дар коми оташ мемонад ва рӯяш сӯхта, барои табобати ӯ фонди хайриявие таъсис дода мешавад. Канали 1news.az ҳатто навореро нашр карда (бойгонӣ), ки дар он қисмҳои сӯхтаи рӯй ва бадани ин кӯдак нишон дода шудааст. Дар ҷои дигаре, 1news.az акси дигари ин кӯдакро, ки баъди каме баҳтаршавии вазъи саломатиаш гирифта шудааст, нашр намудааст (бойгонӣ).

Хулоса

Рӯи сӯхтаи кӯдак ва зани дар бистари беморӣ хобида, ки ҳамчун оқибати даҳшатбори муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон нишон дода шудааст, аслан заррае ба ин ҳодиса иртибот надорад. Қаллобон ба хотири ба даст овардани даромади муфт ва барангехтани адовату иғво байни ду миллат ин аксҳоро истифода кардаанд. Хулоса, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь