Ҳақиқат | Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, барои расонидани «кӯмакҳои техникӣ» омода аст

Чӣ санҷида шуд?

Дар пасманзари ҳодисаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гурӯҳи қирғизие бо номи «Башта» дар Telegram хабареро таҳти сарлавҳаи «Вакилони порлумони Қирғизистон ба парлумони Аврупо дар бораи рӯйдодҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон хабар доданд» нашр кардааст (бойгонӣ). Дар мавод гуфта мешавад, ки чанд тан аз вакили порлумони Қирғизистон ба порлумони Аврупо дар бораи марз маълумот додаанд ва гӯиё Иттиҳоди Аврупо (ИА) гуфтааст, ки барои расонидани «кӯмаки техникӣ тавассути барномаҳои минтақавии худ оид ба идоракунии сарҳад ва об, инчунин дастгирии сиёсӣ барои таъмини субот ва шукуфоӣ дар минтақа» омода аст.

То куҷо Иттиҳоди Аврупо дар бораи омодагиаш аз расонидани «кӯмаки техникӣ» гуфтааст, мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Ҳарчанд ИА дар матни русие, ки дар сомонааш чоп шудааст, аз омодагиаш барои расонидани «кӯмакҳои машваратӣ» гуфтааст. Вале дар матлаби асл, ки бо забони англисӣ ба нашр расидааст, зикр гардидааст, ки ҳозир аст, то «кӯмакҳои техникӣ» расонад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

30-уми апрели соли равон ИА дар сомонаи расмиаш бо забони русӣ дар бораи даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот нашр намудааст (бойгонӣ).

«ИА омода аст, ки дар доираи барномаҳои минтақавии марбут ба идоракунии марз ва об, инчунин зарурати дастгирии сиёсии субот ва шукуфоӣ дар минтақа, ки афзалиятҳои асосии Стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ мебошанд, кӯмаки машваратӣ расонад», – омадааст дар изҳорот.

Скриншот аз сомонаи ИА

Яъне, ин ҷо сухан дар бораи «кӯмаки машваратӣ» меравад. Ҳарчанд дар матни асосии изҳороти ИА, ки бо забони англисӣ нашр шудааст (бойгонӣ), бар ивази «кӯмакҳои машваратӣ», ибораи «кӯмакҳои техникӣ» омадааст.

Хулоса

Санҷиш исбот намуд, ки дарвоқеъ Иттиҳоди Аврупо дар изҳороти худ аз омодагиаш барои расонидани кӯмакҳои техникӣ гуфтааст. Вале ин ҷо бояд қайд намуд, ки ин кӯмакҳои техникӣ ҳаргиз ба маънои яроқу аслиҳа нест. Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Ҳақиқат» мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь