Factcheck.tj омори муҳимеро гирдоварӣ кард, ки дар он нишондиҳандаҳои рақамишавии ҷаҳон дар як соли ахир зикр ёфтаанд.
– То аввали соли 2021 аҳолии кураи замин 7,83 миллиард нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти СММ, ин нишондиҳанда айни замон солона 1% меафзояд. Ин маънои онро дорад, ки аҳолии ҷаҳон аз соли 2020 беш аз 80 миллион нафар зиёд шудааст.
– Теъдоди корбарони телефонҳои мобилӣ дар аввали соли 2021 ҳамагӣ 5,22 миллиард нафарро ташкил медод.
– Дар моҳи январи соли 2021, 4,66 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон Интернетро истифода мебурданд, ки нисбат ба соли гузашта 316 миллион нафар (7,3%) зиёдтар аст. Дар ин давра сатҳи фарогирии Интернет 59,5%-ро ташкил додааст.
– Дар давоми соли 2020 ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз беш аз 1,3 миллион аккаунтҳои нав сохта шудаанд, ки тақрибан 15,5 корбари нав дар 1 сония мебошад.
– Дар ҷаҳон 4,20 миллиард корбари шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст. Дар зарфи 12 моҳи соли 2020 ин рақам 490 (13%) миллион афзудааст. Шабакаҳои иҷтимоиро дар соли 2021 тақрибан 53,6%-и аҳолии кураи замин истифода кардаанд.
– Дар аввали соли 2021 корбари миёна дар Интернет қариб 7 соати кории худро сарф менамояд, ки ин зиёда аз 48 соат дар як ҳафта ё худ, 2 рӯзи пурра аз 7 рӯзро ташкил медиҳад.
– Бино ба ҳисобҳо, дар соли 2020 як корбари миёнаи шабакаи иҷтимоӣ ҳар рӯз дар ин платформаҳо 2 соату 25 дақиқа вақт сарф кардааст. Агар ин тамоюл идома ёбад, пас дар соли 2021 ҳамаи корбарони шабакаи иҷтимоӣ 3,7 триллион соатро сарф хоҳанд кард.
– Дар соли 2021, филиппиниҳо фаъолтарин корбарони шабакаи иҷтимоӣ дар ҷаҳон дониста шудаанд. Чун дар он ҷо ба ҳисоби миёна дар як рӯз 4 соату 15 дақиқа вақт сарф мекунанд.
Пандемияи COVID-19 дар ҷамъоварии маълумот дар бораи шумораи истифодабарандагони Интернет таъсири назаррас гузоштааст, аз ин рӯ, рақамҳои воқеӣ метавонанд, боз ҳам зиёдтар бошанд.
Манбаъ: Datareportal