Чӣ санҷида шуд?
Яке аз хонандагони сомонаи Factcheck.tj бо ирсоли паёмаке ба забони русӣ зери мазмуни «нафаскашии буғи гарм коронавирусро безарар мегардонад», аз мо хоҳиш намуд, ки дурустии онро муайян намоем.
Дар паёмак гуфта мешавад, ки гӯиё пизишке бо номи Н. Н. Каннаппан ба одамон тавсия додааст, ки вируси COVID-19-ро бо нафаскашии буғи гарм, дар бинӣ нест кунанд.
«Шумо бояд ин вирусро дар биниатон бо буғ кушед. Дар ҳарорати 50°С ин вирус хомӯш, яъне фалаҷ мешавад. Дар ҳарорати 60°С ин вирус чунон заиф мешавад, ки ҳар гуна системаи масунияти инсон метавонад бо он мубориза барад. Дар ҳарорати 70°С ин вирус пурра нобуд мешавад. Бубинед, ки буғ чӣ кор мекунад», – омадааст дар паёмак.
Ҳукмнома: Фейк
Дар айни замон ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки нафаскашии буғи гарм метавонад, коронавирусро дар бадан ва роҳҳои нафас нобуд кунад. Бар илова, ин гуна муолиҷа метавонад танҳо барои саломатӣ хатарнок бошад, чун усули мазкур ваксинаро иваз карда наметавонад. Инчунин, худи ин паёмак нав нест ва он қаблан дар сегменти инглисизабони Интернет, алахусус дар Ҳиндустон, ҳанӯз тобистони соли 2020 паҳн шуда, дар охири тирамоҳи соли 2020 бори дигар фаъол гардид. Ҳоло бошад, ин паёмак дубора пайдо шудааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Санҷиши 1:
Нахуст, шахсияти пизишке, ки дар паёмак аз ӯ Н. Н. Каннаппан ном бурда мешавад, мавриди санҷиш қарор додем. Бино ба навиштаи сомонаи «Dr.N.N.Kannappan Sexologist Doctor», дар ҳақиқат бо чунин ном табибе аз шаҳри Мадурайи Ҳиндустон вуҷуд дорад. Вале ӯ пизишки шаҳватшинос (сексолог) аст, на пулманолог ё вирусшинос ва дар бораи нафаскашии буғи гарм чизе ҳам нанавиштааст.
Санҷиши 2:
Санҷиши паёмак нишон дод, ки матни он дар аввал бо забони англисӣ нашру паҳн шудааст. То ин замон хабаргузориҳое, амсоли First Check (бойгонӣ), Health Analytics Asia (бойгонӣ), Daily Sun (бойгонӣ), Full Fact (бойгонӣ) ва чанд расонаҳои дигар бофта будани ин паёмакро собит намудаанд.
Санҷиши 3:
Рӯзноманигорони сомонаи «The Quint»-и Ҳинд ҳанӯз моҳи ноябри соли 2020 ин хабарро санҷида, сарчашмаи пайдоиши онро муайян карда буданд (бойгонӣ). Ба навиштаи ин расона, паёмаки мазкур дар оғоз бидуни номи пизишк Н. Н. Каннаппан паҳн шудааст. Аммо баъдан ин паёмак бо зикри номи Н. Н. Каннаппан дар Ҳиндустон васеъ паҳн гардид. Тавре The Quint изҳор медорад, паёмаки мазкур дар давоми моҳҳои август-сентябри соли 2020 бештар паҳн карда шудааст.
Санҷиши 4:
Дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) дар Филиппин ҳанӯз соле қабл (августи соли 2020) дар саҳифаи «Twitter»-и худ навиштааст (бойгонӣ), ки «нафас кашидани буғи ғарм давои COVID-19 нест».
Бино ба иттилои СҶТ, «буғи хеле гарм метавонад, зараровар бошад, зеро хавфи сӯхтан вуҷуд дорад».
Хулоса
Санҷиши мо собит намуд, ки ин паёмак бофта аст ва табобати COVID-19 бо буғи гарм ягон тасдиқи илмӣ надорад. Ҳатто пизишке, ки аз он ном бурда шудааст, дар ҳеч куҷо чунин изҳороте надодааст. Аз ин рӯ, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк» омегирад.