Чӣ санҷида шуд?
Дар пасманзари аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон* забт шудани бештари қаламрави Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд (бойгонӣ), ки дар он лаҳзаи рақси як гурӯҳи мардони мусаллаҳ дида мешавад. Дар зери навор ва шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони зиёд навиштаанд, ки онҳо Толибон* ҳастанд ва гӯиё баъд аз забти Кобул рақсу хурсандӣ доранд.
Ин навор, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Twitter васеъ паҳн шудааст, ҳанӯз дақиқ нест, ки қаҳрамонҳои рақс дар асл кистанд.
Ҳукмнома: Фейк
Санҷиши навор бо роҳи ҷустуҷӯи баръакс нишон дод, ки он ҳанӯз моҳи марти соли 2021 дар шабакаи YouTube ба нашр расида, аз як маъракаи хонадоршавӣ дар Покистон сабт шудааст, на аз «Рақси Толибон* дар Афғонистон».
Чӣ гуна санҷида шуд?
Санҷиши 1:
Нахуст, навори мазкурро ба чанд қисмати алоҳида ҷудо карда, ҷустуҷӯ намудем. Зимни ҷустуҷӯ маълум шуд, ки навори мазкур 25-уми марти соли 2021 дар шабакаи YouTube, дар саҳифае бо номи Usman Khan нашр шудааст. Яъне, ин навор панҷ моҳ пеш аз замони забт гаштани бештари қаламрави Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон* нашр шудааст. Дар зери навор тег-вожаҳое, монанди #DJBannu #Dance #Funny #Music #Culture #Pakistan навишта шуда, Bannu – шаҳрест дар вилояти Хайбер-Пактунхваи кишвари Покистон.
Ифтихор Фирдавс (Iftikhar Firdous), рӯзноманигори покистонӣ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст (бойгонӣ), ки яке аз шабакаҳои Ҳиндустон навори вирусии издивоҷеро дар Хайбар-Пактунхвои Покистон ҳамчун рақси Толибон* намоиш дода истодаанд, ки гӯиё аз ишғоли Майдоншаҳр дар Афғонистонро таҷлил мекунанд. «Ин боз як сафсатаи дигар аст».
Санҷиши 2:
Сипас, аз рӯи навор шахсияти яке аз ҷавонҳоеро, ки дар даст яроқ дораду мерақсад, муайян кардем. Дар акс ҷавоне бо номи Wahab Pukhtoon (Ваҳаб Пухтун) буда, аз Покистон мебошад. 21-уми август ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш навори расонаи «ARY News»-ро бознашр кардааст, ки дар он ҳамчун «Рақси Толибон*» паҳн шудани наворе, ки яке аз қаҳрамонҳояш худи ӯст, рад шудааст.
Санҷиши 3:
Ҳамзамон, ҷустуҷӯи ин навор нишон дод, ки сомонаҳое, амсоли Аltnews (бойгонӣ), Тhe quint (бойгонӣ), The Logical Indian (бойгонӣ) навори мазкурро санҷида, муайян кардаанд, ки он аслан дар Покистон аз ҷараёни як тӯй бардошта шудааст.
Хулоса
Наворе, ки ҳамчун «Рақси Толибон* баъд аз ишғоли Афғонистон» дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, аслан ба кишвари Афғонистон дахл надорад, балки аз раванди як тӯй дар Покистон бардошта шудааст. Аз ин рӯ, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.
* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.