Фактчекnews | 2 апрел – Рӯзи байналмилалии далелсанҷӣ

Тайи чанд соли ахир дар дунё 2-уми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии далелсанҷӣ таҷлил карда мешавад.

Дар фазои иттилооти имрӯза ҳаҷми иттилоот хеле зиёд аст ва бештари он ба санҷиши саривақтиву ҷиддӣ ниёз дорад. Чун иттилоот ба монанди ғизое аст, ки истеъмоли нодурусти он, метавонад инсонро «заҳролуд» ва мариз гардонад. Аз ин лиҳоз, ҳар як иттилоъ пеш аз қабул ва ҳазмкунӣ ба санҷиши ҳатмӣ ниёз дорад.

Санҷиши иттилоот кори як ё ду нафар ва ҳамчунин кори як ё дурӯза нест. Ин раванд аз ҳар нафар масъулияти доимӣ талаб мекунад.

«Мо бовар дорем, ки ба фошсозии дурӯғҳо на танҳо далелсанҷони касбӣ машғул мешаванд. Экосистемаи солими иттилоотӣ аз ҳама талаб мекунад, ки дар пешбурди фактҳо иштирок кунанд», – навиштааст, Шабакаи байналмилалии далелсанҷӣ (IFCN).

Дар урфият мегӯянд, ки «Умри дурӯғ кӯтоҳ аст». Вале таҷриба нишон медиҳад, ки ҳарчанд умри дурӯғ кӯтоҳ ҳам бошад, баъзан он дар фурсати андак зарари зиёд мерасонад.

Орзумандем, ки дар ҷаҳони воқеӣ ва маҷозиатон хабарҳои дурӯғу одамон дурӯғгӯ ками кам бошанд.

ШУМОРО БО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАЛЕЛСАНҶӢ ТАБРИК МЕГӮЕМ!


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь