Имрӯз бархӯрдҳо ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон аз Тоҷикистон гуногун буда, аксаран аз раванди ҷаҳонӣ будани он ном мебаранд ва аз муҳимияти интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба иқтисодиёти кишвар ҳарф мезананд. Вале дар аксар маврид паҳлӯҳои дигари муҳоҷирати меҳнатӣ сарфи назар карда мешавад.
Филми мустанади «Муҳоҷират: симои дигар» соярӯшанҳои дигари муҳоҷиратро бозгӯ мекунад.
Ҷомеашинос Ислом Раҳимов аз вазъи муҳоҷират изҳори нигаронӣ намуда, мегӯяд, ин раванд ба иқтисодиёти миллии мо хавфи зиёд дорад:
«Пештар падидаи бо оила рафтан ба Русия набуд, имрӯз мебинем, ки муҳоҷирон бо аҳли оилаи худ ба Русия мераванд. Ҳоло онҳо ба Тоҷикистон камтар маблағ мефиристанд, ки ин барои иқтисодиёти миллии мо хатарнок аст. Зеро, муҳоҷир кӯшиш мекунад, ки бо ҳамроҳии аҳли оилааш дар Русия манзил харидорӣ кунад ва зиндагиашро пеш барад. Падидаи дигари хатарнокаш низ дар он аст, ки муҳоҷирони мо шаҳрвандии Русияро гирифта истодаанд».
Ба андешаи коршинос Неъматулло Мирсаидов, бештари мутахассисони варзида, ки вақте дар ватан ҷои кори сазовор намеёбанд, рӯй ба муҳоҷират меоранд:
– Агар мо чуқур ба ин масъала назар андозем, бисёр мутахассисони хуб мераванд. Мутахассисони хубе, ки барои онҳо дар ватан ҷойҳои сазовор нест, яъне «ақл»-ҳо мераванд. Вақте «ақл»-ҳо мераванд, албатта ин таъсири манфӣ ба кишвар аст, – мегӯяд Мирсаидов.
Филми мазкур таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатиро ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар инъикос намуда, инчунин дар бораи вазъи кунунии ҳаёту зиндагии оилаи муҳоҷирон ва сокинони бархе аз шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон (вилояти Суғд) маълумот медиҳад.