Таҳқиқ: Додугирифти Тоҷикистон бо Чин. Чаро миллионҳо «гум» мешаванд?

Тоҷикистон ва Чин солона то 2 миллиард доллар (бойгонӣ) тиҷорат доранд, аммо омори додугирифт миёни ду кишвар аз ҳам фарқи калон (бойгонӣ) дорад. Мо дар ин таҳқиқот талош кардем, ба ин масъала рӯшанӣ андозем.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Ҷумҳурии мардумии Чин дуюмин бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад (бойгонӣ). Душанбеву Пекин солона ҳудуди ду миллиард додугирифт доранд (бойгонӣ), вале чанд соли ахир дар додугирифти миёни ду кишвар миллионҳо доллар «ғайб» мезананд.

Мақомоти Чин мегӯянд, дар шаш моҳи соли 2022 ин кишвар бо Тоҷикистон 1 миллиарду 170 миллион муомилаи тиҷоратӣ доштааст (бойгонӣ). Аммо мақомоти Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорат бо Чинро 670 миллион доллар мегӯянд. Ба ин тартиб, омори пешниҳодкардаи идораи гумруки Тоҷикистон аз омори Чин ним миллиард доллар камтар аст. Фарқият дар додугирифти мол миёни Душанбе ва Пекин солҳои пеш низ ҷой дошт (бойгонӣ).

Тибқи омори идораи гумруки Чин, дар ним соли 2015 аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 257 миллион доллар мол ворид шудааст. Аммо оморҳои ҷониби Тоҷикистон ҳаҷми воридот аз Чинро ҳамагӣ 132 миллион доллар нишон додаанд.

Камомад натиҷаи фасодкорӣ аст?

Ҳар вақте бо расонаӣ шудани ин мавзӯъ баҳси фасод доғ мешавад. Мақомот ҷой доштани ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, камомад танҳо натиҷаи ин ҳолат нест.

Абдуфаттоҳи Ғойиб, собиқ раиси Хадамоти гумуруки Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 гуфта буд, «тоҷирон ҳуҷҷатҳоро дигар карда, нархи молро ду баробар камтар мекунанд ва оварда дар ин ҷо ба расмиёти гумрукӣ медароранд. Ҳолатҳое буд, ки тоҷир қолин овардааст, аммо онро ҳамчун маҳсулоти макаронӣ ба расмиёт даровардааст. Албатта, дар ин ҷо кормандони гумрук низ даст доранд».

Аз ҷой доштани фасод дар бахши гумрук ҳатто Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бонги изтироб зада, онро «нанотехнологияи тоҷикӣ» гуфта буд (бойгонӣ). Президент соли 2019 дар мулоқот (бойгонӣ) бо кормандони бахши гумрук ва андоз бо нигаронӣ аз ҷой доштани фасод дар бахши гумрук гуфта буд:

«Ду роҳи қочоқ вуҷуд дорад. Якум, вақте як мошин мегузарад, камера сабт мекунад. Рақамҳои мошини гузаштагиро гирифта, дар мошинҳои дуюму сеюм насб мекунад. Дар асл ду мошин гузашт, аммо як мошин сабт мекунанд. Роҳи дигар, вақте дар дидбонгоҳ мол ворид мешавад, дар терминал бо соҳиби мол забон як карда, арзиши онро дигар мекунанд ва чи хеле хоҳанд нарх мегузоранд», – нақл кард Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки «дар ҳуҷҷат як чиз аст, дар дохили мошин тамоман чизи дигар».

Мақомот ҷой доштани фасод дар гузаргоҳи «Қулма», ягона гузаргоҳ дар марз бо Чинро тасдиқ мекунанд. Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябри соли 2022 дар посухи расмӣ ба мо навишт, ки соли 2019 як корманди дидбонгоҳи гумрукии «Қулма» бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шуд. Ба иттилои ин ниҳод, Умронов М.Н. дар ду ҳолат ҳангоми барасмиятдарории молҳои воридшуда ба Тоҷикистон аз мансабаш сӯистифода кардааст. Додгоҳи ноҳияи Мурғоб ин масъули гумрукро 13 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима баст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябри соли 2022 дар посухи расмиаш навишт, ки «дар робита ба интиқоли мол аз Ҷумҳурии Мардумии Чин» имсол ягон ҳолатҳои фасодкорӣ ошкор нашудааст.

Аз Тоҷикистон ба Чин ҳудуди 10 номгӯи маҳсулот содир мешавад, ки беш аз 99 дарсади он тилло ва дигар металҳои гаронбаҳо аст. Ба навиштаи Радиои Озодӣ, «рӯйхати молҳои воридотӣ аз Чин зиёда аз се ҳазор номгӯйи маҳсулотро дар бар мегирад». Дар посухи Хадамоти гумрук ба мо омадааст, ки аз Чин ба Тоҷикистон технологияи паррандапарварӣ, техникаи кишоварзӣ, таҷҳизот ва дорувории тиббӣ ва ғайра ворид мешавад. Инчунин, аз либосворӣ то поайфзол, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ, маводи конселярӣ, бозичаҳои кӯдакона ва амсоли инҳо низ аз Чин меоянд.

Тарзи ҳисоби боҷи гумрукӣ фарқ мекунад?

Талошҳои мо барои гирифтани назар аз идораи гумруки Чин бенатиҷа буд.

Мақомдорони тоҷик ба ҷуз аз масъалаи фасод ду омили дигарро сабаби фарқияти оморӣ дар додугирифти Душанбе ва Пекин меноманд. Яке аз сабабҳо, ба гуфтаи мақомоти Хадамоти гумрук, методология ё тарзи гуногуни ҳисоб кардани додугирифти тиҷоратӣ аст.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук дар посухи расмиаш ба мо гуфт, дар Тоҷикистон молҳое, ки «дар натиҷаи воридот ё содирот ба захираҳои моддии кишвар илова ё аз он кам мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешаванд». Каримзода мегӯяд, соли 2018 миёни Тоҷикистону Чин «Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёриии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» имзо шудааст. Вале ба гуфтаи Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, идораи гумруки Чин ба дархостҳои онҳо барои мубодилаи маълумот посух намедиҳад ва ба ин хотир онҳо наметавонанд, омори ҷониби Чинро муқоиса кунанд.

«Ҷониби Чин бо сабабҳои номаълум аз пешниҳоди маълумот дар бораи гардиши тиҷорати хориҷии хеш худдорӣ карда, ба дархостҳои расмӣ ҳатто посух намедиҳад», – навиштааст, роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Оҷонсии омори Тоҷикистон дар посухи расмии худ ба мо аз 8-уми декабри соли 2022 навиштааст, ки фарқияти омор бо Чин «метавонад аз ҳисоби мавҷудияти молҳо дар роҳ, транзити мол ба кишвари сеюм» бошад.

Акрам Раҳматов, муҳаққиқи риштаи гумрук дар ин самт аст. Ӯ мегӯяд, фарқияти омори додугирифт дар миёни кишварҳо вуҷуд дорад. Ба гуфтаи Раҳматов, миёни кишварҳои узви ИДМ ин фарқият то 5-6 дарсад ҳаст. Аммо ба гуфтаи ин коршинос, фарқият дар додугирифти Тоҷикистону Чин аз ин меъёр зиёдтар мебошад. Ин муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, тавофут доштани омори додугирифти Тоҷикистон ва Чин танҳо натиҷаи фасодкорӣ нест.

«Аз ҳисоби фарқият дар методолигияи ҳисобкунӣ, методологияи нархгузорӣ омори додугирифт фарқ карда меистад», – афзуд ин мутахассис.

Сомонаи таҳлилии Cabar.asia ҳам навиштааст, як сабаби фарқият дар омори додугирифт бо Чин метавонад, дар фарқияти тарзи ҳисобкунӣ бошад. Ин сомона дар гузорише навиштааст (бойгонӣ), «баъзе кишварҳо дар баробари ҳаҷми мол, арзиши онро низ ба назар мегиранд ва бо ҳамин муомилоти молро зиёд мекунанд. Гузашта аз ин, Чин молҳоеро, ки аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кишварҳои дигар транзит мешаванд, дар омори додугирифт бо ин кишварҳо ворид мекунад».

Албатта, фарқият дар омори додугирифти тиҷоратӣ бо Чин танҳо хоси Тоҷикистон нест. Оморҳои расмии дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам аз омори ҷониби Чин фарқ мекунад. Масалан, тибқи додаҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат (бойгонӣ), соли 2018 Чин ҳаҷми содирот ба Қазоқистонро 11,3 миллиард доллар нишон дода буд. Дар ҳоле, ки Қазоқистон ҳаҷми воридот аз Чинро 5,4 миллиард доллар нишон додааст. Фарқият дар ин ҷо 5,9 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Чунин фарқият дар омори додугирифти Чин ва Қирғизистон ҳам мушоҳида мешавад. Тибқи иттилои ҷониби Чин, ин кишвар соли 2018 ба Қирғизистон дар ҳаҷми 5,5 миллиард доллар маҳсулот содир кардааст. Аммо Қирғизистон ҳаҷми воридотро аз Чин ба миқдори 1,9 миллиард доллар ҳисоб кардааст. Дар ин ҷо низ фарқият 3,6 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Оморҳои расмии Тоҷикистон дар бораи додугирифти хориҷӣ танҳо бо Чин фарқ намекунад. Барои намуна, Оҷонсии омори Тоҷикистон навиштааст (бойгонӣ), ки дар моҳи январи соли 2020 ҳаҷми додугирифт бо Ӯзбекистон 22,8 миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон ҳаҷми додугирифт бо Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2020-ро 41,3 миллион доллар нишон дода буд, ки дар қиёс ба омори ҷониби Тоҷикистон қариб як баробар зиёдтар аст.

«Буҷа миллионҳоро аз даст медиҳад»

Таҳқиқи мавзӯъ нишон дод, ки ба хотири кам нишон додани омори додугирифт, ба буҷаи Тоҷикистон маблағи камтар ворид мешавад. Радиои Озодӣ моҳи августи соли гузашта дар гузорише навишт, «дар сурати риояи расмиёту пардохти пурраи молиёт, давлат танҳо аз ҳисоби ним миллиарди «гумшуда» дар шакли андозу пардохтҳои гумрукӣ метавонист, беш аз сад миллион доллар даромад гирад».

Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 70 дарсад буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби боҷи гумрукӣ аст (бойгонӣ). Вақте омори додугирифт кам нишон дода мешавад, воридоти маблағ аз ҳисоби боҷи гумрукӣ ҳам ба буҷа кам мешавад.

Коршиносони масоили иқтисодӣ таъмини шаффофиятро роҳи асосӣ барои аз байн рафтани ин нофаҳмиҳо медонанд.

Акрам Раҳматов, муҳаққиқи риштаи гумрук мегӯяд, кормандони идораҳои Тоҷикистону Чин бояд ҳамроҳ нишаста, масъаларо объективона рӯшан кунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, корманди Инситути иқтисодиёти Академияи илмҳо роҳи ҳалли масъаларо дар шаффоф кардани бахши гумруки кишвар медонад. «Агар ҳукумат иҷозат диҳад, ки аз ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ як таҳқиқи мустақилона ташкил шуда, фаъолияти гумрук санҷида шавад, бисёр мушкилиҳо дар ҳамин самт роҳи ҳаллашро меёбад», – мегӯяд Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Мақомоти Тоҷикистон барои таъмини шаффофият дар бахши гумрук то ин дам чанд кореро анҷом додаанд. Аз ҷумла, 1-уми сентябри соли 2020 низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар Тоҷикистон ба кор оғоз кард (бойгонӣ). Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук дар муаррифӣ, ҳадаф аз таъсиси равзанаи ягонаро «сода гардонидани расмиёти савдои хориҷӣ» гуфта буд. Аммо баъд аз таъсиси ин марказ ҳам фарқият дар додугирифти тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин аз байн нарафт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь