Таҳқиқ: Дар Тоҷикистон нафақаи нафақагирони фавтида куҷо меравад?

Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ маълум кард, ки нафақаи моҳи охири нафарони фавтида дар Тоҷикистон ба ҷайби кормандони бахши нафақа ва «Амонатбонк» меравад.

Мақомоти кишвар ҳам чанд маротиба аз боздошти кормандони Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», ки масъули тақсими нафақа ва маоши кормандони давлатӣ аст, барои азхудкунии нафақаи аҳолӣ хабар дода буданд.

Бино ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2022 ба 763 ҳазору 333 нафар нафақахӯр ба андозаи 3 млрд. 246,9 млн. сомонӣ маблағ пардохт гардида, хароҷоти кӯмакпулиҳо бошад, 205,9 млн. сомониро ташкил додааст.

Ба таври маъмул, шумораи нафақагирон дар кишвар ҳамсола каму зиёд мешавад ва дар асоси қонунгузорӣ нафақаи моҳи охире, ки дар давоми он шахс фавтидааст, ба наздиконаш бодя пардохт шавад.

Вале таҷриба нишон медиҳад, ки нафақаи шахсони марҳум на ҳама вақт ба наздиконашон баргардонида мешавад. Ин маблағ бо чанд баҳона аз ҷониби кормандони бахши нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ё «Амонатбонк» ба онҳо пардохт намешавад.

Тадқиқоти мо собит кард, ки маблағи моҳи охири нафақахӯрони фавтида, ба ҷайби кормадони бахши нафақа ва «Амонактбонк», ки масъули тақсими нафақа аст, меравад.

Гулнора Амиршоева, рӯзноманигори тоҷик яке аз онҳоест, ки натавонист, нафақаи моҳи охири модари марҳумашро дастрас кунад ва бо ишора ба «бюрократия»-и кормандони бахши нафақаи шаҳри Ваҳдат ӯ аз нафақа даст кашид.

Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ҳарчанд қаблан шикоятҳо дар робита ба ин мушкилотро аз ҷониби дӯстонаш мешунид, вале «наход аз мурда пул кор кунанд» – гуфта ба он бовар намекард – то даме, ки худ ба ин мушкилӣ рӯбарӯ нашуд.

– Модарам рӯзи 29-уми сентябри соли 2020 фавот карданд. Рӯзи сеюми таъзия ба ман аз бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳри Ваҳдат занг зада, воқеият доштани марги модарамро пурсон шуданд. Ман тасдиқ кардам. Баъдтар вақте барои гирифтани нафақаи моҳи сентябр ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Ваҳдат рафтам, маълум шуд, ки корти модарамро аллакай бастаанд, – нақл кард Амиршоева.

Номбурда афзуд, вақте ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Ваҳдат занг зад, ба ӯ гуфтанд, ин маблағ ҳамчун кумакпулии дафн аст ва барои гирифтани он ӯ бояд аз сохторҳои марбута чандин маълумотномаву ҳуҷҷатҳоеро ҷамъоварӣ намояд.

– Онҳое, ки ин бесарусомониро ба роҳ мондаанд, воқеан гумон мекунанд, ки мардум барои 230 сомонӣ овора шуда, худро кӯчак нишон медиҳанд? Аммо чаро бо ин восита мардумро маҷбур мекунанд, ки аз ҳаққи қонунии худ даст кашанд? Модарам 230 сомонӣ нафақа мегирифт, вале моҳе ҳудуди 4000 сомонӣ танҳо барои табобат сарф мекардем. Моҳи сентябр ӯ дар қайди ҳаёт буд, вале аз ҳаққаш ӯро маҳрум карданд, – гуфт Гулнора Амиршоева.

Дар охир, ин ташвиши зиёдатӣ рӯзноманигорро маҷбур кард, ки ҳам аз «кӯмакпулӣ» ва ҳам аз нафақаи моҳи сентябрии модараш даст кашад.

Фотима Раҳимова, сокини ноҳияи Ёвон ҳам ба мисли Гулнора Амришоева ба чунин мушкилӣ гирифтор шуд ва вақте барои гирифтани хати вафоти модари марҳумаш ба бахши иҷтимоии ноҳияи Ёвон муроҷиат кард, ба ӯ гуфтанд, бояд ҳуҷҷатҳои лозимаро аз сохторҳои алоҳида ҷамъоварӣ ва пешниҳод кунад.

– Вақте ба «Амонатбонк» барои гирифтани маълумотнома рафтам, маълум шуд, ки корти модарам 250 сомонӣ маблағ дорад ва масъулини бонк маблағро ба ман надода гуфтанд, «онро ба шумо аз ҳифзи иҷтимоии ноҳия бармегардонанд». Ин нафақаи моҳи ахири модарам буд. Пас аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозима гуфтанд, фалон рӯз биёед. Вақте рафтам, ба бонк равон карданд ва дар он ҷой ҳамагӣ 100 сомониро ҳамчун кумакпулӣ гуфта, ба дастам доданд. Ин дар ҳолест, ки бонк гуфта буд, ки бояд он маблағи дар корт буда (250 сомонӣ)-ро баргардонанд, – нигаронӣ кард Фотима Раҳимова.

Ӯ иддао кард, дар корти модараш ба ғайр аз 250 сомонии нафақааш боз маблағи иловагӣ, ки фарзандонаш гузаронида буданд, мавҷуд буд, вале ҳамаи он маблағҳо «гум» шуданд.

Ба гуфтаи номбурда то ба ҳол маълум нест ки ин маблағҳо куҷо шуданд ва чаро масъулини бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва «Амонатбонк» нафақаи қонунӣ ва маблағи шахсии модарашро надоданд.

Фарҳод Алимардонов, сокини шаҳри Душанбе низ ба чунин мушкил рӯбарӯ шуд ва баъди марги падараш онҳо натавонистан нафақаи моҳи охири падарашро дастрас кунанд.

– Падарам, ки раиси маҳалла буданд, ҳамеша ниёзмандонро дастгирӣ мекарданд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, маблағи охирин нафақаи ӯро ба ниёзмандон хайр кунем. Дар корт 800 сомонӣ буд. Вале аз ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе гуфтанд, маблағро гирифта наметавонем. Кормандони ин ниҳод гуфтанд, вақте марҳум дар қайди ҳаёт нест, ба пайвандонаш наметавонанд маблағро диҳанд, дар акси ҳол он қонунвайронкунӣ ҳисобида мешавад, – нақл кард Фарҳод Алимардонов.

Ғайриқонунӣ гуфтани кормандони бахши ҳифзи иҷтимоӣ дар робита ба додани нафақаи моҳи охир ба наздикони фавтида дар ҳолест, ки қонунгузорӣ додани нафақаи шахси фавтидаро ба наздиконаш пешбинӣ менамояд.

Дар моддаи 106 Қонуни таъмини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад (бойгонӣ), ки «маблағе, ки ба нафақахӯр бояд пардохт мешуду бинобар фавтиданаш пурра гирифта нашудааст, ба мерос дохил карда намешавад ва он ба аъзои оила пардохт мешавад».

Дар ин банди қонунгузорӣ гуфта мешавад, ки «волидайн ва ҳамсар, инчунин дигар аъзои оилаи нафақахӯр, ки то рӯзи фавташ бо ӯ якҷоя истиқомат мекарданд, новобаста аз он ки ба доираи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансуб намебошанд, ба гирифтани ин маблағ ҳуқуқ доранд».

Гуфта мешавад, ки дар сурати муроҷиати чанд аъзои оила барои гирифтани нафақаи марҳум маблағи нафақа байнашон баробар тақсим карда мешавад.

Тибқи моддаи мазкур ин маблағ дар ҳолате пардохт мешавад, ки барои гирифтани он на дертар аз 6 моҳи баъди фавти нафақахӯр муроҷиат шуда бошад.

Маблағҳо ба куҷо мераванд?

Ҳамаи ин шикоятҳои сокинон дар ҳолест, ки борҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир шудани кормандони суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар ва «Амонатбонк» дар мавриди азхудкунии маблағҳои нафақахӯрон хабарҳо нашр кардааст (бойгонӣ). Дар чанд соли ахир ин ниҳод аз боздошти кормандони Агентии суғурта ва нафақа ва «Амонатбонк» чандин хабари пайдарпайи тасарруфи маблағҳои нафақахӯронро нашр кардааст, ки барои исботи ин гуфтаҳо якчандтои онҳоро дар солҳои гуногун инҷо мисол меорем:

Ахиран моҳи июли соли 2022 дар вилояти Суғд ҳолатҳои пардохт нашудани нафақа ба наафқахӯрон аз ҷониби прокуратураи ин вилоят ошкор шудааст (бойгонӣ), ки дар натиҷа нафақаи 8,8 ҳазор шаҳрванд ба маблағи беш аз 2,8 млн сомонӣ пардохт карда шудаст.

Тибқи гузориши прокуратураи вилояти Суғд, дар нимаи якуми соли ҷорӣ, дар асоси санадҳои прокурорӣ 2920 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 902 кас ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки аз онҳо ба манфиати давлат ва шаҳрвандону корхонаҳои ғайридавлатӣ 150,2 млн сомонӣ рӯёнида шуда, ҳуқуқи 29054 шаҳрвандон барқарор карда шудааст.

Соли 2019 Расулова Майсара Бобораҷабовна мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кумакпулиҳои ин ниҳод дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ба маблағи 333 ҳазор сомониро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 нафар шаҳрвандон дастгир гардид (бойгонӣ).

Ҳамзамон худи ҳамон сол Агентии мубориза бо коррупсия Касирова Ҳанифа Ятимовна, мақомдори дигари суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо ҷурми тасарруфи 105.730,84 сомонӣ дастгир намуд (бойгонӣ). Номбурда бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 20 шаҳрванд ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронидааст.

Манбаъ афзуд, ки сипас ин мақомдори маблағро тавассути кортҳои пластикии бонки давлатии «Амонатбонк» тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Худи ҳамин сол корманди дигари ниҳоди дар боло зикргардида Боқиева Зарина Ҷамахоновна, дар вазифаи муовини сардори Раёсат ва сардори шуъбаи таъиноти нафақаи раёсати Агентии суғуртаи нафақа дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ боздошт шуд (бойгонӣ). Ӯ низ тариқи сохтакорӣ аз номи нафақахӯрон беш аз як миллион сомонӣ маблағро аз худ намудааст. Ба иттилои Агентии коррупсия, ин мақомдор бо роҳи сохтакорона тартиб додани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ бо истифода аз 49 ному насаб ва 21 рақами асноди нафақавӣ дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 1 миллиону 423 сомонӣ маблағи буҷаро тасарраф кардааст. Аз худкунии маблағҳо ба воситаи 11 адад корти бонкии нафақавӣ ва 49 ному насаб сурат гирифтааст.

Ғайр аз ин, дар соли 2017 низ як корманди “Амонатбонк” дар ноҳияи Балҷувон бо ҳуҷҷатҳои қалбакии нафақахӯрон беш аз 71 ҳазор сомонӣ маблағҳоро азхуд намуда буд (бойгонӣ).

Дар гузашта низ чунин ҳолатҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба назар мерасид. Масалан, дар соли 2016 Палатаи ҳисоби кишвар тасарруфи маблағҳои ҳангуфти нафақахӯрони фавтидаро аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намуда буд (бойгонӣ). Дар умум маблағи дар умум тасарруфгардида аз ҷониби Агентии нафақа 625,9 ҳазор сомонӣ арзёбӣ гардида буд.

– Санҷишҳои аудиторӣ дар ноҳияи Бохтар ба нафақагирони фавтида, ки беасос ҳамчун оилаҳои камбизоат эътироф гардидаанд, ҷуброн намудани истифодаи қувваи барқро ба 689 нафар ба маблағи 69,0 ҳазор сомонӣ, пардохти беасоси ёрдампулӣ барои дафни 309 нафар ба маблағи 247,2 ҳазор сомонӣ, пардохти нафақапулӣ баъд аз вафоти 68 нафақагир ба маблағи 26,7 ҳазор сомонӣ ва дар суратҳисоби 96 нафар нафақагири фавтида нигоҳ доштани маблағи 31,1 ҳазор сомониро ошкор сохтанд, – омадааст дар хабаре, ки сомонаи «Ҷумҳурият» нашр намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар гузоришҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, созмони Transparency International ё Шаффофияти Байналмилал, барои ҷиддӣ мубориза набурдан бо сӯиистифодабарӣ аз маблағҳои давлатӣ ва ришвахорӣ дар идораҳои давлатӣ танқид шудааст (бойгонӣ).

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022, 242 корманди давлатӣ барои харҷи ғайриҳадафмандонаи пули давлат ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд. Ба гуфтаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода, зимни тафтиши муҳосиботи муассисаву корхонаҳои давлатӣ маълум кардаанд, ки бештар аз 210 миллион сомонӣ ғайриҳадафмандона харҷ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 62,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад (бойгонӣ). Ӯ ин нуктаро 17-уми ноябри соли гузашта зимни муҳокимаи иҷрои қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» бо вакилони парлумон зикр намудааст, ки Нашрияи расмии «Садои мардум» маълумоти муфассалеро дар ин маврид нашр намудааст.

Ҳамзамон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 дар як санҷиши худ тасарруфи 7 миллион сомонии музди меҳнати кормандон дар корхонаҳои давлатиро ошкор кардааст.

Дар ин бора Сулаймон Талбакзода, муовини агентии мазкур гуфтааст, ки кори муҳосибони 27 корхонаи давлатиро дар 15 шаҳру ноҳия тафтиш карданд ва натиҷа нишон додааст, ки дар ин ниҳодҳо 7 миллион сомоние, ки барои музди маоши кормандон пешбинӣ шуда буд, бо роҳи сохтакории асноди муҳосибӣ аз худ карда шудааст.

Талбказода ба вакилони порлумон гуфтааст, ин ҳолат ҳангоми тафтиши филиалҳои Бонки давлатии «Амонатбонк» ошкор гардидааст.

Бояд гуфт, ки «Амонатбонк» бонки давлатиест, ки тариқи он нафақаи шаҳрвандон, маоши кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва пизишкону омӯзгорон пардохт мешавад.

Барои рӯшанӣ андохтан ба нуқтаҳои муҳиме, ки то ҳол барои мувофиқи қонунгузорӣ ва тасдиқи ҷой доштан ё надоштани чунин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ бо суолҳои мушаххас муроҷиат намудем, вале дар ҷавоб ҳеҷ посухе ба мо наомад. Суолҳо ба ин ниҳод чунин буд;

 – Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат ба оилаҳои ниёзманд, ки яке аз саробонҳояшон вафот мекунад, 1200 сомонӣ кумакпулӣ барои дафн ҷудо карда мешавад. Барои шахсоне, ки аз оилаҳои камбизоат нестанд, барои дафн ягон намуд маблағҳо ҳамчун кумакпулӣ ҷудо карда мешавад ё не?

– Корти шахси фавтида, ки нафақагир буд, дар кадом ҳолат баста мешавад ва оё мақомоти марбута қаблан наздикони марҳумро бояд огоҳ кунанд? Агар ҳа дар кадом асос ва агар не дар кадом асос?

– Тибқи моддаи 106 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон»-и кишвар дар мавриди додани нафақаи нагирифтаи нафақахӯр бинобар фавти ӯ ва додани ёрдампулӣ барои дафн гуфта шудааст, ки аъзоёни оилаи нафари фавтида ҳақ доранд, ки нафақаи марҳумро гиранд. Вале чанде аз шаҳрвандон ба мо муроҷиат карда, шикоят аз он карданд, ки нафақаи наздикони худро пас аз маргашон гирифта натавонистанд. Тибқи қонунгузорӣ дар кадом ҳолат аъзои оила нафақаи наздиконашонро гирифта наметавонанд? Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ин ҳолатро чӣ гуна шарҳ медиҳад?

– Оё ин гуна шикоятҳо ба худи агентӣ низ боре шудааст ва умуман Агентӣ дар ин маврид чӣ чораҳоро меандешад? Тадқиқоти мо дар асоси гуфтаҳои чанде аз сокинони кишвар ва ҳамзамон далелҳое, ки Агентии молиявии мубориза бо коррупсия дар солҳои гуногун ошкор намудааст, маълум кард, ки дар Тоҷикистон нафақаи моҳи охири нафарони фавтида аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ тасарруф мегарданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь