Ҳамасола дар Тоҷикистон бештар аз ним миллион амалиёти нотариалӣ анҷом дода мешавад. Ба расмиёт даровардани хариду фурӯши манзил, мошин, иҷозаи ба хориҷ бурдани кӯдакони ноболиғ, тасдиқи тарҷумаҳо, тақсими мерос ва расмиёти дигаре дар нотариусҳо бо пардохти маблағ анҷом мешавад. Таҳқиқоти журналистӣ собит кард, ки нотариусҳои давлатӣ дар Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти нотариалӣ аз корафтодаҳо бештар аз ҳаҷми муайяншудаи боҷи давлатӣ маблағ мегиранд. Боҷи давлатӣ на дар бонк, балки бар хилофи қонун, дар дохили нотариусҳои давлатӣ ва ба дасти нотариусҳо дода мешавад. Ҳамчунин, бар хилофи қонун, дар “бланкаҳо” маблағи пардохткардаи корафтодаҳо нишон дода намешавад. Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷо доштани қонуншиканиҳои мазкурро расман рад ё тасдиқ накарда, танҳо дар посухи хаттие хабар дод, ки “ҷиҳати роҳ надодан … ба қабули пардохтпулӣ … ба тариқи нақдӣ мунтазам чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст”.
Бештар аз ним миллион амалиёти нотариалӣ дар Тоҷикистон
Ба фарқ аз кишварҳои дигар, дар Тоҷикистон фаъолияти нотариатӣ танҳо дар ихтиёри давлат буда, ҳамаи нотариусҳои шаҳру ноҳияҳо тобеи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Вазорати адлия ҳамасола омори амалиёти нотариалиро дар ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва нашр мекунад. Ба иттилои ин вазорат, дар Тоҷикистон:
Соли 2018 – 558 ҳазору 548 адад;
Соли 2019 – 547 ҳазору 657 адад;
Соли 2020 – 410 ҳазор адад;
Соли 2021 – 656 ҳазору 109 адад;
Ва шаш моҳи соли 2022 – 341 ҳазору 096 адад амалиёти нотариалӣ анҷом шудааст.
Вазорати адлия ҳамчунин хабар медиҳад:
- аз ҳисоби 558 ҳазору 548 амалиёт дар соли 2018 – 57 миллиону 368 ҳазору 879 сомонӣ;
- аз ҳисоби 547 ҳазору 657 амалиёт дар соли 2019 – 60 миллиону 325 ҳазору 713 сомонӣ;
- аз ҳисоби 410 ҳазор амалиёт дар соли 2020 – 62 миллиону 979 ҳазору 804 сомонӣ;
- аз ҳисоби 656 ҳазору 109 амалиёт дар соли 2021 – 74 миллиону 933 ҳазору 791 сомонӣ ба буҷаи давлатӣ боҷ ворид шудааст.
Пеш аз идомаи матлаб як тақсимоти содаи риёзӣ анҷом медиҳем: 74 миллиону 933 ҳазору 791 сомониро ба 656 ҳазору 109 амалиёт тақсим кунем, тақрибан ҳар амалиёт ба 114 сомонӣ баробар мешавад. Яъне, ин маънои онро дорад, ки дар соли 2021 ҳар кадом амалиёти анҷомшудаи нотариалӣ тақрибан 114 сомонӣ ба буҷаи кишвар даромад овардааст.
64+64 дар нотариусҳои давлатӣ 194 сомонӣ мешавад. Бовар намекунед?
Дар долонҳо ва утоқҳои нотариусҳои давлатӣ, ба вижа дар се ноҳияи шаҳри Душанбе – Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ – ҷои сузан партофтан нест. Ҳамарӯза корафтодаҳои зиёде барои ба расмият даровардани амалҳои гуногун ба нотариусҳо муроҷиат мекунанд. Кор ба ҷое мерасад, ки бархе аз корафтодаҳо барои навбат бо ҳам даст ба гиребон мешаванд. Нотариусҳои давлатӣ серкоранд, ҳуруфчинон аз онҳо серкортар. Ин ҳолат ба корафтодаҳо, эҳтимол, таъсири равонӣ мерасонад, ки ҳар маблағеро аз онҳо талаб кунанд, бидуни шубҳа ва дархости расид мепардозанд.
Фарзи мисол, бино ба нархномае, ки дар долонҳои нотариусҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе овезон аст, тасдиқи ваколатномаи ҳуқуқи истифода ва ё ихтиёрдории воситаи нақлиёт (ба ибораи содатар, хариду фурӯши мошин бо “доверенность” бо ҳуқуқҳои маҳдуд) 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба иловаи 16 сомонӣ арзиши “бланка” нишон дода шудааст. Дар соли 2022 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 64 сомонӣ муқаррар шуда буд. Ба ин тартиб, ду нишондиҳанда (64+64) 128 сомонӣ мешуд. Ва ба иловаи 16 сомонии арзиши “бланка” амалиёти хариду фурӯши мошин расман 144 сомонӣ харҷ дошт.
Муаллифи ин таҳқиқот дар моҳи августи соли 2022 амалиёти нотариалии мазкурро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе анҷом дод. Он замон ин амалиёт барои муаллиф на 144 сомонӣ, балки 240 сомонӣ харҷ овард. 210 сомонӣ нотариуси давлатӣ гирифт ва 30 сомонӣ зане, ки ваколатномаро ҳуруфчинӣ кард. Аз 240 сомонии харҷшуда, 46 сомониаш ҳадди ақал маълум, ки ба куҷо рафт, аммо 94 сомонии дигар номаълум куҷо шуд. Зеро дар “бланка” боҷи давлатӣ нишон дода нашудааст ва ҳам ба муаллиф дар ивази гирифтани ин маблағ расид дода нашуд. Дар ин амалиёт якбора чанд мавриди риоя нашудани қонун сурат гирифт:
- Зиёдтар аз нишондоди боҷи давлатӣ ситонидани маблағ
- Дар дохили худи нотариус гирифтани маблағ
- Надодани расид дар ивази пардохти маблағ
- Нишон надодани маблағи пардохтшуда дар санад
Иқтибос аз Қонуни ҶТ “Дар бораи нотариати давлатӣ”:
Моддаи 22. Ситонидани боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ
“Амалиёти нотариалиро нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор танҳо баъди аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохт намудани боҷи давлатӣ ва пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун ба ҷо меоранд. Дар ҳуҷҷати тасдиқшудаи нотариалӣ нотариуси давлатӣ андозаи боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳоро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад”.
Намунае аз ваколатномаҳо, ки исбот мекунанд, нотариусҳо арзиши амалиёти нотариалӣ ё маблағи гирифтаашонро дар онҳо дарҷ намекунанд:
Озмоиши журналистӣ: зарбу тақсими нотариуси давлатӣ
Барои муайян кардани он ки ба расмиёт даровардани хариду фурӯши хонаҳо дар нотариусҳои давлатӣ чи қадар харҷ дорад, озмоиши журналистӣ анҷом дода шуд. Бо ҳадафи озмоиш, манзили иборат аз 100 метри квадратӣ харидорӣ мешуд.
Нотариуси давлатӣ, ки аз вай шартан Д.С. ном мебарем.
Макон: ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Замон: ибтидои моҳи декбари соли 2022
Н – Нотариус
Ж – Журналист
Ж: Салом алек, хонаи иборат аз 100 метри квадратӣ чи қадар харҷ дорад?
Н: Салом. “Справка”-и “НБТ”-и нагирифтед ҳолӣ-а?
Ж: Не, аввал арзиши хариду фурӯшро фаҳмем. Ман хона мехарам. Харҷи нотариус дар дӯши ман аст. Барои ҳамин, аввал нархро фаҳмам. Хонае ки мехарам, 100 метри квадратӣ аст.
Н (бо калкулятор): Хонаи 100 квадрата 3225 сомонӣ (харҷи нотариус).
Ҳисобу китоби боҷи давлатӣ ва дигар харҷи нотариатӣ дар ҳаҷми 3225 сомонӣ аз сӯи нотариуси давлатӣ барои хонаи иборат аз 100 метри мураббаъ дар ҳолест, ки бино ба муқаррароти қонун, хариду фурӯши ин гуна манзил бояд ҳамагӣ 2576 сомонӣ харҷ дошта бошад.
Зеро, боҷи давлатӣ барои тасдиқи шартномаи хариду фурӯши амволи ғайри манқул (манзили истиқоматӣ) барои ҳар кадом метри мураббаъ 40% як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст. Як нишондиҳанда дар соли 2022 аз 64 сомонӣ иборат аст. 40 дарсади 64 сомонӣ ба 25.6 сомонӣ баробар аст. Акнун 100 метри мураббаъро ба 25.6 сомонӣ зарб мезанем. Дуруст, 2560 сомонӣ, ба иловаи 16 сомонӣ арзиши коғази тамғадор ё “бланка”. Ин арзиши расмии хариду фурӯши манзили истиқоматии иборат аз 100 метри мураббаъ аст. Аммо нотариус 3225 сомонӣ талаб мекунад. 650 сомонӣ бештар аз арзиши расмии амалиёти мазкур. Вале дақиқан маълум нест, ки нотариуси давлатӣ аз 3225 сомонии аз шаҳрванд гирифтааш чанд дарсади онро ба буҷаи кишвар мепардозад. Болотар ҳисоб кардем, ки аз ҳар кадом амалиёти нотариалии дар соли 2021 анҷомшуда, ба ҳисоби миёна 114 сомонӣ ба буҷаи кишвар ворид гардидааст. Фарзи мисол, ҳамин амалиёт бо назардошти як нишондиҳанда дар ҳаҷми 60 сомонӣ дар соли 2021, агар ҳудуди 3000 сомонӣ анҷом мешуд, акнун тасаввур кунед, ки аз 3000 сомонии пардохткардаи корафтода, ҳамагӣ 114 сомонии он ба буҷаи давлат ворид шудааст. 2886 сомонии дигар куҷо шуд?
Таҷрибаи корбарон дар нотариусҳо: пул гирифтанду расид надоданд
Як пурсиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ собит кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ шаҳрвандон бо чунин таҷрибаҳо рӯ ба рӯ шудаанд.
Даромади дурӯзаи як ҳуруфчини нотариус баробари моҳонаи як омӯзгор
Ба ҷуз аз нотариусҳои давлатӣ дар идораҳои нотариатӣ ҳуруфчинон ё ба истилоҳи расмӣ нозирон-коргузорон кор мекунанд, ки аксари онҳо зан ҳастанд. Ҳуруфчинии як саҳифаи “бланка” 30 сомонӣ арзиш дорад.
Як ҳуруфчин дар яке аз нотариусҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш нақл кард, ки вай дар як рӯз ба ҳисоби миёна то 20 “бланка” пур мекунад. Даромади миёнаи як ҳуруфчин (ки дар идораҳои нотариалӣ онҳоро расман нозир-коргузор унвон мекунанд) дар рӯз 600 сомониро ташкил медиҳад. Ин ҳуруфчин дар тақрибан ду рӯз музди меҳнати якмоҳаи як омӯзгорро даромад мекунад, аммо аз ин даромад андоз намепардозад ва ин даромад ҷое сабт намешавад. Ҳар чаҳор нотариуси давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе то 5 ҳуруфчин доранд. Ба иттилои ҳуруфчине, ки аз тарси аз кор ронда шудан, нахост номаш зикр шавад, онҳо моҳона 1200 сомонӣ маош низ доранд. Даромади рӯзонаи нозир-коргузорон тахминан муайян аст, аммо нотариусҳо чи қадар даромад доранд? Инро китобҳое метавонанд муайян кунанд, ки ҳар кадом амалиёти нотариалӣ дар онҳо сабт мешавад. Даромади рӯзонаи нотариусҳои давлатӣ аз нозирон-коргузорон бештар аст, ки камтар не.
Посухи Вазорати адлия: ҳамаи пардохтҳо ғайринақдӣ мешаванд
Вазорати адлияи Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ҷо доштан ё надоштани қонуншиканиҳоро дар идораҳои нотариуси давлатӣ рад ё тасдиқ накарда, танҳо навиштааст, ки “ҷиҳати роҳ надодан … ба қабули пардохтпулӣ … тариқи нақдӣ мунтазам чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст”.
Ин вазорат ҳамчунин хабар дод, ки “аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ … пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад”.
Оё ин ба он маъност, ки Вазорати адлия то ба буҷа нарасидани ҳамаи маблағҳои пардохткардаи шаҳрвандонро дар идораҳои нотариусҳои давлатии зери назораташ эътироф мекунад?