Далелсанҷӣ | Дуруст аст, ки 25 млн. зан дар «ғуломӣ» зиндагӣ мекунанд? (навор)

8-уми март дар саҳифаи инстаграмии Алексей Сибирский бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии бонувон наворе нашр шуд (бойгонӣ), ки дар он экоблогер мегӯяд, «худи ҳозир 25 миллион зан дар «ғуломӣ» зиндагӣ мекунанд».

Дар навор лаҳзае раддабандии кишварҳое намоён мешавад, ки дар он ҷо сатҳи ғуломии муосир зиёд ва Тоҷикистон дар ҷои 6-ум қарор дорад. Дар ин раддабандӣ ишора мешавад, ки дар Тоҷикистон ғуломии муосир ба 1000 нафар 14 нафар рост меояд.

Саҳифаи alex4planet дар Instagram беш аз 613 ҳазор обуначӣ дорад ва ин навори ӯро то лаҳзаи санҷиши мо бештар аз 720 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

То куҷо ин омор дуруст? Мо онро мавриди санҷиш қарор додем.

Санҷиш мо нишон дод, ки муаллифи мавод ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи тамошобинон аз «Дасткорӣ» истифода бурдааст.

Дар раддабандие, ки дар навор оварда шудааст, манбааш «Walk Free соли 2023» нишон дода шудааст. Тибқи гузориши Walk Free (бойгонӣ), ки арзёбии миллии ғуломдории муосирро дар 160 кишвари дунё муайян мекунад, соли 2023 49,6 миллион нафар дар ҳолати ғуломии муосир зиндагӣ мекунанд.

Тибқи ин гузориш, Тоҷикистон дар ҷойи 6-ум қарор дошта, ғуломии муосир ба 1000 нафар 14 нафар рост меояд, ки дар умум 133 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вале дар асл гузориши мазкур на «ғуломӣ», балки «ғуломии муосир»-ро дар назар дорад. Худи мафҳуми «Ғуломии муосир»-ро Walk Free чунин шарҳ додааст (бойгонӣ):

«Ғуломии муосир меҳнати маҷбурӣ, издивоҷи маҷбурӣ, ғуломии қарз, истисмори иҷбории шаҳвонии тиҷоратӣ, хариду фурӯши одамон, амалҳои шабеҳи ғуломӣ ва фурӯш ва истисмори кӯдаконро дар бар мегирад. Дар ҳама шаклҳо, ин маҳрумият аз озодии шахс – озодии ӯ барои қабул ё рад кардани кор, озодии тарк кардани як корфармо ба ҷои дигар ё озодии қарор дар бораи он, ки оё кай ва бо кӣ издивоҷ кардан аст – бо мақсади барои ба манфиати шахсӣ ё молиявӣ истисмор кардани онҳо.

Ғуломдории муосир шаклҳои гуногун дорад ва бо номҳои зиёд маълум аст. Аслан, он ба ҳолатҳои истисмор дахл дорад, ки шахс наметавонад аз таҳдид, зӯроварӣ, маҷбурӣ ё фиреб даст кашад ё тарк кунад».

Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (ҷилди 1, саҳ. 387) омадааст, ки «Ғулом» а. 1 غلام . таър. одами давраи ғуломдорӣ, ки аз ҳуқуқи иҷтимоӣ ва сиёсӣ маҳрум буда, моли соҳиби худ ба шумор мерафт; банда, барда, абд; бандаи зархариди мардина. 2. маҷ. хизматгори мутеъ ва фармонбардор; навкар, чокар; ғуломи зархарид бандаи харидашуда; ғуломи хоназод фарзанди ғуломи ҳамон хонавода; ғуломи ҳалқабаргӯш а) таър. он ки ҳамчун нишонаи ғуломӣ ба гӯшаш ҳалқа овезон кардаанд; б) маҷ. шахси фармонбардор; хизматгори садоқатманд ва итоаткор.

Мафҳуми «Ғуломӣ» غلامي ғулом будан; бандагӣ; бардагӣ; мутеъ будан ба касе; ғуломӣ кардан, ғуломвор хизмат кардан; аз ғуломӣ озод шудан, аз бандагӣ раҳоӣ ёфтан; ба ғуломӣ афтодан, ғулом шудан.

Аз ин бар меояд, ки истифодаи мафҳумҳои «ғуломӣ» ва «ғуломии муосир» ба ҳайси ҳаммаънои ҳамдигар ба далели тафовути калидӣ дар хусусиятҳо ва заминаҳои онҳо мантиқӣ набуда, дорои нишонаҳои дасткорӣ аст.

Блонавис дар навор ба ҷои истилоҳи «ғуломии муосир» истилоҳи «ғуломӣ»-ро истифода мебарад, ки нодуруст аст. Одатан ин корро бо нияти ҷалби диққати тамошобин ба муҳтаво анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, санҷиши мо нишон медиҳад, ки дар маводи мазкур муаллиф ба «Дасткорӣ» роҳ додааст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь