Фактчекnews | Дар Эрон бар асари коронавирус беш аз 700 нафар фавтиданд

Теъдоди онҳое, ки то ин дам дар Эрон бар асари коронавирус фавтидаанд, ба 724 нафар расид. Шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба тақрибан 14 ҳазор нафар баробар аст.

Масъулони мубориза бо ин беморӣ ҳушдор медиҳанд, ки муассисаҳои тандурустии Эрон шояд дар ояндаи наздик ғунҷоиши беморони бештарро надошта бошанд.

ИРНА – хабаргузории расмии Эрон, рӯзи 15-уми март аз қавли Алиризо Золӣ, раиси ситоди муқобила бо коронавирус дар Теҳрон навиштааст: «Агар раванди кунунӣ идома ёбад, мо зарфияти кофӣ нахоҳем дошт».

Бино ба гузоришҳо, шифохонаҳои ин кишвар то 110 ҳазор ҷойи хоб доранд.

Манбаъ: Радиои Озодӣ


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь