Фейк | Васиятномаи Чарли Чаплин ба духтараш

Чӣ санҷида шуд?

5 сентябри соли 2018 дар саҳфаи шахсии фейсбукии Рустами Ваҳҳоб маводе  бо сарлавҳаи “Васиятномаи Чарли Чаплин ба духтараш” (бойгонӣ)  нашр шуд, ки тибқи он гӯё санъаткори амрикоӣ барои фарзанди чорумаш Ҷералдина Чаплин мактуб навиштааст. Ин истифодабаранда аввалин касест, ки  номаро аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Пайгирии ин мавзӯъ дар ҷустори Google  моро бо кори илмие расонд, ки ба ин нома бахшида шуда буд. Марям Муҳаммадӣ Деҳчашма таҳти унвони “Pseudo-translation as a Subset of the Literary System: a Case Study” рисолаеро омода намудааст, ки дар он бо ишора ба чандин манбаъ муаллифи ҳақиқии номаро рузноманигори эронӣ Фараҷуллоҳ Сабоҳ медонад. Аз ҷумла ба мусоҳибае дар рӯзномаи “SeratNews”, ки баъдан дар сомонаи он нашр шудааст, ишора шудааст, ки дар он ҷаноби Сабоҳ иқрор мешавад, ки дар асл номаро ӯ навиштааст ва ба Чарли Чаплин он дахл надорад (бойгонӣ).

Баъди гузашти андак вақт ин матлаб дар бисёр расонаҳои дигар бо забонҳои англисӣ, туркӣ, олмонӣ ва чандеи дигар бознашр шуда, бисёр машҳуру маъмул гардид. Ниҳоятан аз русӣ ба тоҷикӣ низ тарҷума гаштааст.

Матни нома ва суханони Фараҷуллоҳ Сабоҳ дар сомонаи рӯзномаи SeratNews.com бо сарлавҳаи “Бузургтарин дуруғ дар матбуоти Эрон чӣ буд?” чоп шудааст. Дар он ҷо метавонед инчунин бо матни форсии “мактуби Чаплин” бори дигар шинос шавед.

Ҳукмнома

Санҷиши мо маълум кард, ки мактуб ба Чарли Чаплин рабте надорад. Дар асл вай бофтаи таҳайюли Фараҷуллоҳ Сабоҳ хабарнигори эронӣ буд. Аз ин лиҳоз мо ба ин мавод ҳукмномаи “Фейк”-ро раво дидем.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь