Чӣ санҷида шуд?
Дар гурӯҳи фейсбукии «АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ» хабаре таҳти унвони «Ангела Меркел соҳибкорони мусалмони Олмонро дар моҳи Рамазон аз андоз озод кард» («Ангела Меркель освободила мусульман-предпринимателей Германии от налогов в месяц Рамадан») паҳн гардид (бойгонӣ). Хабари мазкурро санаи 7-уми майи соли 2019, соати 07:44 як корбари «Facebook» бо номи Shuhrat Homidov аз саҳифаи худ қисмат кардааст (бойгонӣ). То вақти санҷиши мо ба хабари мазкур дар саҳифаи фейсбукии муаллиф аз тарафи 2,5 ҳазор корбар лайку дигар ишораҳои эҳсосӣ (смайлик) гузошта шуда, беш аз 2 ҳазор онро қисмат кардаанд. Дар гурӯҳи фейсбукии «АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ» бошад, аз тарафи 597 нафар лайк ва дигар ишораҳои эҳсосӣ гузоштаанд ва 60 нафар зери он шарҳ навишта, 10 нафар ин хабарро қисмат кардаанд.
Дар мавод ишора шудааст, ки дар ин бора хабаргузории «Daily Times» иттилоъ медиҳад.
Чӣ тавр санҷида шуд?
Хабари мазкурро сараввал аз ҷусторҳои «Google» ва «Yandex» мавриди санҷиш қарор додем. Ҳангоми ҷустуҷӯ дар сархати ҳар ду ҷустор нахуст номи хабаргузории «Daily Times» пайдо шуд. Ҳангоми ҷустуҷӯ аз ин хабаргузорӣ маълум гардид, ки хабари мазкур ҳанӯз 7-уми июни соли 2016 нашр шудааст (бойгонӣ).
«Daily Times» ба хабаргузории «Morocco World News» истинод овардааст (бойгонӣ), ки он 4-уми июни соли 2016 дар такя ба маълумоти «Arabic Russia Today» ба нашр расидааст (бойгонӣ). Вале дар хабари «Arabic Russia Today» омадааст, ки хабари мазкур аз ҷониби гурӯҳе аз расонаҳои Олмон беасос арзёбӣ шудааст ва аз ин лиҳоз, «Arabic Russia Today» ин хабарро фарзия гуфтааст. Сарчашмае, ки хабаргузории «Arabic Russia Today» ба он такя намудааст, рӯзномаи арабиии «Al-Riyadh Daily» аст. Вале аз сомонаи рӯзномаи мазкур дар ин бора иттилое пайдо накардем.
Ҷустуҷӯҳои мо нишон дод, ки хабари мазкурро бештар расонаҳое паҳну бознашр намудаанд, ки ВАО-и кишварҳои исломӣ ҳастанд. Масалан, сомонаи «Pakistan Defence» низ ин хабарро 7-уми июни соли 2016 паҳн кардааст (бойгонӣ) ва 9-уми июни соли 2016 сомонаи «Barenakedislam» дар такя ба манбаъҳои болоӣ хабари мазкурро дар саҳифаи худ бознашр намудааст (бойгонӣ).
Дар ин росто, хабаргузориҳои Тоҷикистон низ дар канор набуданд. 24-уми июни соли 2016 ОИ «Asia-Plus» дар такя ба хабаргузории «Daily Times» дар ин бора иттилоъ додааст (бойгонӣ).
Ҳукмнома
Аз ин ҷост, ки хабари мазкур бори нахуст 4-уми июни соли 2016 расонаӣ шуд ва он ҳам бошад, хабари бофта буд. Таҳлилҳои мо низ собит намуд, ки хабари аз пардохти андоз дар моҳи Рамазон озод шудани соҳибкорони мусалмон дар Олмон беасос аст. Аз ин рӯ, ба ин хабар ҳукмномаи «Фейк»-ро раво донистем.