Иштибоҳ дар далелҳо | Судҳои Тоҷикистон барои 2,5 ҳазор духтари ноболиғ иҷозаи издивоҷро додаанд

Чӣ санҷида шуд?

Иттилоъ зери сарлавҳаи «Судҳои Тоҷикистон барои 2,5 ҳазор духтари ноболиғ иҷозаи издивоҷро додаанд» давоми як моҳи соли 2019 – аз охирҳои моҳи март то моҳи апрел, дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ нашру паҳн мешуданд. Аз ҷумла, бахши русии Радиои «Озодӣ» (бойгонӣ), хабаргузориҳои «Диалог» (бойгонӣ), «TajikTA» (бойгонӣ), «TJournal» (бойгонӣ), «24.kg» (бойгонӣ) ва «ASIA-Plus» (бойгонӣ) дар такя ба маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора маълумот додаанд.

Дар хабари ин расонаҳо омадааст, ки судҳои Тоҷикистон дар соли 2018 ба 2,5 ҳазор духтаре, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозаи никоҳ додаанд. Дар идома гуфта мешавад, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз никоҳи 6-7 нафаре сабт шудааст, ки синнашон ҳанӯз ба 18 нарасидааст.

Омори дарҷнамудаи ин хабаргузориҳо, ки гӯиё дар соли 2018 судҳои Тоҷикистон барои 2,5 ҳазор духтари ноболиғ иҷозаи издивоҷро додаанд, як андоза моро ба шубҳае овард, ки боис ба далелсанҷӣ шуд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни ҷустуҷӯ дар сомонаи www.ombudsman.tj «Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро пайдо кардем. Дар саҳифаи 39, сархати 2-уми маърӯза возеҳ навишта шудааст: «… Тибқи маълумоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 судҳо 2493 адад парвандаҳои оилавиро оид ба кам кардани синни никоҳӣ баррасӣ намуда, аз ин шумора 2469 адад ё 99%-и онҳоро қонеъ намудаанд».

Яъне, аз ин бар меояд, ки дар хабарҳои расонаҳои дар боло зикргардида шумори духтарони нобилиғ, ки бо дархости судҳои Тоҷикистон иҷозаи издивоҷро гирифтаанд, на 2,5 ҳазор адад, балки 2469 ададро ташкил дода, аз омори пешниҳоднамудаи расонаҳои хабарӣ 31 адад камтар мебошад.

Ҳукмнома

Таҳрифи иттилоъ оид ба шумори духтароне, ки дар соли 2018 ба синни 18 нарасида, судҳои Тоҷикистон барои 2,5 ҳазор нафар иҷозаи издивоҷро додаанд, эҳтимол ба хотири ҷалби хонандагони расонаҳо бошад. Аз ин рӯ, ба хулосае омадем, ки дар ин ҷо «Иштибоҳ дар далел» дида мешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь