Муҳаққиқони Донишгоҳи Вотерлу алгоритми наверо таҳия кардаанд, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО имкон медиҳад, қиссаҳои бардурӯғро муайян кунад. Дар ин бора сомонаи arXiv.org хабар додааст.
Хабарҳои бардурӯғ ҳамеша вуҷуд дошт, аммо бо пайдоиши васоити ахбори оммаи интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, таъсири онҳо ба рӯйдодҳои ҷаҳон хеле афзоиш ёфт. Гуфта мешавад, бо рушди шабакаҳои асабӣ, ки қодиранд миқдори зиёди иттилоотро коркард ва то куҷо дуруст ё ҷаълӣ будани онро муайян намоянд, имконияте пайдо шуд, хабарҳои қалбакӣ қабл аз нашру паҳн дар тамоми ҷаҳон ошкор шаванд. Вале то ба ҳол, муҳаққиқон натавонистаанд дар муайян кардани маълумоти бардурӯғ дар хабарҳо ба дақиқии зарурӣ ноил шаванд.
Алгоритми нав, ки дар Донишгоҳи Вотерлу таҳия шудааст, як технологияи комилан худкор аст, ки метавонад хабарҳои қалбакиро бо дақиқии 90% ошкор кунад. Шабака ҳар як матлабро бо матолиби ҳамсон, ки барои муқоиса ҷамъ оварда шудааст, мавриди санҷиш қарор медиҳад.
«Мо бояд ба рӯзноманигорон имконият диҳем, ки ҳақиқатро ошкор кунанд ва онро ба мо бигӯянд,– зикр мекунад Крис Далханти, муаллифи пешбари ин омӯзиш, аспиранти Донишгоҳи Вотерлу. – Иқдоми мо як ҷузъи васеътари талошҳо барои пешгирии паҳншавии маълумоти нодуруст мебошад».